Дар натиҷаи ҳамкории судманди Марказ бо корхонаи истеҳсолии «Ҷунтай-Данғара» 39 нафар соҳиби шаҳодатнома гаштанд

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҳамкориро бо корхонаи истеҳсолии «Ҷунтай-Данғара» ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи ҳамкории судманд 39 нафар шаҳрвандон аз рӯйи ихтисоси «Дӯзанда» дар филиали Марказ дар ноҳияи Данғара ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гаштанд ва дар корхонаи мазкур бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

02.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36