Дастрасӣ ба омӯзиш ва гирифтани шаҳодатнома

Дар бораи Марказ:

Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МД МТКТ) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти 2008, таҳти №115 таъсис ёфтааст. Марказ дорои 34 филиал ва 23 намоянда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Дар Марказ ва филиалҳои он аз рӯи 110 касбу ихтисос ба шаҳрвандон касб меомӯзонанд.

Филиалҳои Марказ  дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Бохтар, Кӯлоб,  Хоруғ, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Ваҳдат, Тоҷикобод, Рашт, Файзобод, Ёвон, Ш.Шоҳин, Фархор, Қубодиён, Мастчоҳ, Куҳистони Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Ашт,  Б.Ғафуров, Ванҷ, Дарвоз, Данғара, Темурмалик, Дӯстӣ, Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Айнӣ ва Сангвор  ҷойгир шудаанд.

Мақсади асосии Марказ:

  • Мутобиқ намудани захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат бо роҳи баланд бардоштани сифати таълими калонсолон;
  • Қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба омӯзиши иловагӣ;
  • Мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи шуғл ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ.

Марказ омӯзишро дар се усул пешниҳод мекунад:

  • Ройгон (танҳо барои бекор дар асоси роҳхатҳои шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ):

-        роҳхат аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷои истиқомат;

-        нусхаи шиноснома;

-        нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

-        расм 1 дона (3 x 4);

  • Худмаблағгузорӣ:

-        нусхаи шиноснома;

-        нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

-        расм 1 адад  (3 x 4);

-        расид (квитансия) аз БДА «Амонатбонк» оид ба супоридани маблағи омӯзиш;

  • Валидатсия – эътирофи малакаҳои андӯхташуда:

-       нусхаи шиноснома;

-       нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

-       расм 1 адад (3 x 4);

-   маълумот дар бораи малакаи касбӣ (маълумотнома аз ҷои кор, қайд дар    дафтарчаи меҳнатӣ). Дар сурати мавҷуд набудани қайдҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ ё маълумотнома аз ҷои кор, нусхаҳои саҳифаҳои шиносномаи хориҷиро пешниҳод кардан лозим аст, ки дар он ҷо қайд оид ба гузаштани сарҳад дар кишвари будубоши муҳоҷири меҳнатӣ, ки ӯ ин фаъолияти меҳнатиро онҷо ба ҷо овардааст, мавҷуд аст;

Марказ аз рӯи касбҳои зерин курсҳои кутоҳмуддати касбомузӣ мегузаронад:

Номгӯи касбҳо

Номгӯи касбҳо

Муҳосиб

Ошпаз

Асосҳои омӯзиши  компютер

Пешхизмат

Забони англисӣ

Дӯзанда

Забони русӣ

Сартарош

Забони олмонӣ

Рӯзгордорӣ

Коргузор (референт)

Маъмури меҳмонхона

Асосҳои соҳибкорӣ

Корманди иҷтимоӣ

Қаннод

Мураббия-парастор

Сантехник

Фурӯшандаи маводи хӯрока

Барқчӣ

Назоратчии барқ

Кафшергари барқӣ

Кафшергари газӣ

Харрот

Таъмиргари таҷҳизоти маишӣ

Таъмиргари автомобил

Коркарди сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо

Устои бомпӯш

Дуредгар

Ороишгари мӯй, рӯй, нохун

Андовачӣ

Боғдорӣ

 Заргарӣ

 

Давомнокии курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ аз 1 то 3 моҳ аст. Инчунин, агар шумо таҷрибаи корӣ дошта бошед ва ба шумо танҳо шаҳодатномаи тахассусӣ лозим бошад,  метавонед дар Марказ, эътирофи малакаи касбӣ ва валидатсия-барномаи тезонидашудаи омӯзишии 36-соатаро гузашта, соҳиби шаҳодатнома шавед.

5 сабаби асосӣ барои таҳсил намудан дар ин маркази таълимӣ:

1.    Зиёда аз 12 сол дар бозори хизматрасонии омузишӣ;

2.    Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои муосир;

3.    Курсҳои сайёр;

4.    МТКТ барномаҳои таълимӣ ва таҷҳизоти худро мунтазам навсозӣ карда, барои шаҳрвандон шароити муосири касбомӯзиро фароҳам меорад;

5.    Ҷойгиршавии дастрас дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо.

 

Филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»

Номгӯи филиалҳо

Макон ва суроға

1

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Душанбе

ш. Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 5/1, ошёнаи  4-м, Тел: +992 90-000-40-65; dushanbe@kasb.tj

2

Филиали МД «МТКТ» дар н. Шоҳмансури ш. Душанбе

Ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 22/7, Тел: +992 37-227-68-34; shohmansur@kasb.tj

3

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Бохтар, вилояти Хатлон

ш. Бохтар, кӯчаи Ф.Саидов 3/1,Тел: +992 83-222-29-20;  bokhtar@kasb.tj

4

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Кӯлоб, вилояти Хатлон

ш. Кӯлоб, кӯчаи 1 май 12, Тел: +992 83-322-25-26; kulob@kasb.tj

5

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон

н. Яван, кӯчаи Ленин 34,Тел: +992 83-141-21-60; yovon@kasb.tj

6

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, вилояти Хатлон

н. Шамсиддини Шоҳин, маҳалаи Шурообод 10,                                 Тел: +992 33-192-12-03, sh.shohin@kasb.tj

7

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон

н.Фархор, кӯчаи Ф.Муҳамадиев 8, Тел: +992 33-162-10-30; farkhor@kasb.tj

8

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Кубодиён, вилояти Хатлон 

н. Кубодиён, ҷамоати деҳоти Н. Хусрав, кӯчаи И.Сомони 12, Тел: +992 93-510-03-27, qubodiyon@kasb.tj

9

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон

н. Данғара, кӯчаи Марказӣ 35, Тел: +992 33-122-20-02, dangara@kasb.tj

10

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Темурмалик, вилояти Хатлон

н. Темурмалик, ҷамоати деҳоти Кангурт, Маркази таълими ва хизматрасонии “Меҳри модар” Тел: +992 98-849-14-89, temurmalik@kasb.tj

11

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Дӯстӣ, вилояти Хатлон

н. Дустӣ, ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Султонов, деҳаи Гулрез, Тел: +992 93-544-74-74, dusti@kasb.tj

12

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Панҷакент,  вилояти Суғд

ш. Панҷакент, кӯчаи Даврон Бобораҷабов 40А, Тел: +992 92-748-00-74,  panjakent@kasb.tj  

13

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Конибодом, вилояти Суғд

ш. Конибодом, кӯчаи Хоҷа Алиев №1, Тел: +992 92-773-57-21, konibodom@kasb.tj  

14

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Исфара, вилояти Суғд

ш. Исфара, кӯчаи А.Азимова 86, Тел: +992 91-851-91-39, isfara@kasb.tj

15

Филиали МД «МТКТ» дар ш. Истаравшан, вилояти Суғд

ш. Истаравшан, кӯчаи Ленин  137, Тел: +992 98-088-05-42, istaravshan@kasb.tj

16

Филиали МД «МТКТ» дар н.Бобоҷон-Ғафуров, вилояти Суғд

н.Бобоҷон - Ғафуров,кӯчаи Ҳуҷандӣ 62, Тел: +992 92-792-69-99,  b.gafurov@kasb.tj  

17

Филиали МД «МТКТ» дар н.Мастчоҳ, вилояти Суғд 

н.Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон, хиёбони И.Сомонӣ 31, Тел: +992 93-532-50-00; mastchoh@kasb.tj

18

Филиали МД «МТКТ» дар н. Ҷаббор Расулов, вилояти Суғд

н. Ҷаббор Расулов, ҷамоати шаҳраки Пролетар,Тел: +992 92-767-10-62, j.rasulov@kasb.tj  

19

Филиали МД «МТКТ» дар н. Ашт, вилояти Суғд 

н. Ашт,  кӯчаи И. Сомонӣ, Тел: +992 55-554-17-77, asht@kasb.tj  

20

Филиали МД «МТКТ» дар н. Айнӣ, вилояти Суғд

н. Айнӣ, кӯчаи.Рудакӣ 20, Тел +992 92-753-07-07, ayni@kasb.tj

21

Филиали МД «МТКТ» дар н. Куҳистони Мастчоҳ, вилояти Суғд

н. Куҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон, Тел: +992 92-723-69-60, k.mastchoh@kasb.tj

22

Филиали МД «МТКТ» дар ш.Хоруғ, ВМКБ

кӯчаи Ленин 26, Тел: +992 93-878-11-70, khorugh@kasb.tj    

23

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Рӯшон, ВМКБ

н. Рӯшон, ҷамоати деҳоти Рӯшон мавзеи Пичӯв  Тел: +992 93-314-63-91, rushon@kasb.tj

24

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Шуғнон, ВМКБ         

н. Шуғнон, шаҳраки Ваҳдат, қишлоқи Миденшорв, ҷамоати Поршинев, Тел: +992 50-126-20-32, shugnon@kasb.tj

25

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Рошткалъа, ВМКБ 

н.Рошткалъа, деҳаи Медон, кӯчаи Ҷавонон 50, Тел: +992 50-199-09-30, roshtqala@kasb.tj

26

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Ванҷ, ВМКБ 

н.Ванҷ,маҳалаи Пули Ҷугони, Тел: +992 93-597-08-99, vanj@kasb.tj

27

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Дарвоз, ВМКБ

н.Дарвоз, ҷамоати, Қалаи Хумб, кӯчаи Шоҳмансур 2,  Тел: +992 93-112-13-66,              darvoz@kasb.tj

28

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Тоҷикобод,  ноҳияи  тобеи ҷумҳурӣ

н.Тоҷикобод, кӯчаи Махмуд Идиев 39, Тел: +992 93-858-44-22, tojikobod@kasb.tj

29

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Рашт, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ

н.Рашт, шаҳраки Гарм, кӯчаи И. Сомонӣ 42, Тел: +992 91-893-46-07,  rasht@kasb.tj

30

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Сангвор, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ

н. Сангвор, ҷамоати деҳоти Сангвор, кӯчаи Восеъ, бинои 5, Тел: +992 98-711-86-68, sangvor@kasb.tj

31

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Ваҳдат, ноҳияи  тобеи ҷумҳурӣ

н. Ваҳдат , ҷамоати шаҳраки Нумон Розик, кӯчаи Ҳайрат, Тел: +992 88-548-00-90,  vahdat@kasb.tj

32

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Файзобод, ноҳияи  тобеъи ҷумҳурӣ

н.Файзобод, ҷамоати Мискинобод, Тел: +992 93-913-14-13,  fayzobod@kasb.tj

33

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Ҳисор, ноҳияи  тобеи ҷумҳурӣ

ш. Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, кӯчаи Файзулло Абдуллоев 10/2, Тел: +992 90-440-80-01, hisor@kasb.tj                                                       

34

Филиали МД «МТКТ» дар ноҳияи Рӯдакӣ, вилояти Хатлон

н. Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Сомониён, кучаи. И. Сомонӣ 39; Тел:  +992 90-270-39-39;  rudaki@kasb.tj

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед:

Суроға: 734026, Тоҷикистон, Душанбе, А. Навоӣ 5/1

Тел: (+992) 37 250 35 44, 250 35 42, 250 35 45

Почтаи электронӣ: info@kasb.tj

Сомона: www.kasb.tj

09.02.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36