Ҷаҳони муосирро бе донистани компютер ва технологияҳои нав тасаввур кардан ғайриимкон аст

Асри 21-ро асри илм ва технологияҳои нав меҳисобанд. Ин ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешрафти кори худ ба омӯхтани техникаву технологияҳои нав пардохта, аз навигариҳои олам бохабар шавем.

Омӯзгори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» Икром Табаров, ки аз соли 2008 то имрӯз аз фанни асосҳои омӯзиши компютер ба шогирдон дарс медиҳад, мегӯяд, ки ҷаҳони имрӯзаро бе донистани компютер ва технологияҳои нав идора намудан душвор аст.

«Ҳоло асри илму техника аст. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд истифодаи компютер ва барномаҳои онро донад. Зеро, бо истифода аз ин технологияҳо мо метавонем бо дӯстон ва пайвандони дур аз Ватан дар иртибот бошем ва дар ҷои нишастаи худ аз хабару воқеаҳои ҷаҳон бохабар гардем. Инчунин ирсоли мактубу ҳуҷҷатҳо тариқи компютер имрӯз кори вазорату идораҳо ва шаҳрвандонро хеле осон намудааст», - гуфт мавсуф.

Ба ибрози омӯзгори фанни компютер, дарси онҳо аз рӯи нақшаи таълимии тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, дар рафти омӯзиш бо ҳар як нафар таълимгиранда алоҳида кор бурда мешавад.

- Курсҳои омӯзишии Марказ аз 1 то 3 моҳ давом карда, пас аз хатми касбомӯзӣ шаҳрвандон ба шаҳодатнома таъмин карда мешаванд. Дар оғоз ба шогирдон дарсҳои назариявӣ гузаронида, доир ба компютер, барномаҳо, вазифаҳо ва пайдоиши он маълумот медиҳем. Сипас бо дарсҳои амалиявӣ аз клавиатура сар карда, ҳар як барномаро зина ба зина меомӯзонем. Ҳамчунин, мо ба онҳо роҳҳои омода намудани ҳуҷҷатҳо тариқи компютер, истифодаи почтаҳои электронӣ, ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳо тариқи почтаро меомӯзонем, - баён дошт Икром Табаров.

Гулистон Бобиева дар баробари оне, ки дар курсҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзон ҳунари адрасу қолинбофиро ёд медиҳад, боз ба Марказ омада истифодаи компютерро меомӯзад.

«Ман аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тариқи роҳхат ба «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» омадам. Ҳарчанд, худам ҳунарманд ҳастам, боз мехоҳам истифодаи ин техникаро омӯзам, зеро дар ҷомеаи имрӯза зиндагӣ намуда, надонистани компютер хуб нест. То имрӯз ман бештари барномаҳои компютериро омӯхтам ва дар охири моҳи марти соли равон пас аз супоридани имтиҳон соҳиби шаҳодатнома мегардам», - бо хушҳолӣ гуфт Гулистон Бобиева.

12.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36