Мулоқоти директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо намояндагони «Chemonics International Inc.»

Мулоқоти директори МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” Бақозода Сайрам Абдусаттор бо намояндагони ташкилоти “Chemonics International Inc.” Ҷимми Ҷонсон ва Картлос Канкадзе баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ вобаста ба бозомӯзии кадрҳо дар насбу васли таҷҳизоти оксигенӣ барои дастгоҳҳои сунъии нафаскашӣ ибрози ақида намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити бемории сироятии COVID-19 масъалаи насбу васли дурусти таҷҳизоти оксигенӣ барои дастгоҳҳои сунъии нафаскашӣ ва омодасозии мутахассисон бисёр муҳим мебошад.

Директори Марказ тазаккур дод, ки дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он таҷҳизоти оксигенӣ мавҷуд буда, устоҳои таълими истеҳсолӣ дар ин самт таҷриба доранд ва дар ҳолати ба роҳ мондани ҳамкорӣ Марказ метавонад базаи худро барои омӯзиши мутахассисон пешниҳод намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар курсҳои омӯзишӣ вобаста ба насбу васли таҷҳизоти оксигенӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аз ҷониби ташкилоти “Chemonics International Inc.” роҳандозӣ гардиданд, 3 нафар устоҳои таълими истеҳсолии Марказ иштирок карда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва умед ба тақвияти ҳамкории минбаъда сурат гирифт.

07.02.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36