ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАНҶИ ҚОРУН БУВАД...

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №115 аз 05 марти соли 2008 бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳрвандони калонсол ба таълими касбӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзи, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мутобиқ ба Оиномаи Марказ ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳарчи бештар ба омӯзиш ва валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар доираи 31 касбу ихтисоси коргарӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолият дорад.

Филиал бо барномаҳои мушаххаси таълимӣ, китобу дастурамалҳои методӣ, базаи моддию-техникии созгор таъмин буда, омӯзгорони ботаҷриба дар раванди таълим ҷалб карда мешаванд.

Мо ба шаҳрвандон омӯхтани касбҳоеро пешниҳод мекунем, ки дар бозори меҳнат ба онҳо ҳамеша талабот  зиёд аст. Масалан дӯзанда, сартарош (ороишгари мӯй, рӯй, нохун), қаннод-ошпаз, омӯзиши асосҳои компютер, кафшергари барқию газӣ, сантехник, челонгари асбобҳои рӯзғор, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, пешхизмат, фермер-соҳибкор, харрот, дуредгар, қуроқдӯз, устои коркарди сангҳои қимматбаҳо, заргарӣ, андовачӣ-рангуборчӣ, барқчӣ, таъмиргари таҷҳизоти барқӣ, ҷангалбон, борбанд, арматурчӣ-бетончӣ, сохтмончӣ, зардӯзӣ, муҳосиб (бо омӯзиши асосҳои кор дар компютер), назоратчии барқ, фурӯшандаи маводи хӯрока, тракторчӣ-механизатор, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, омӯзиши забони русӣ, омӯзиши забони англисӣ ва ғайра дар маҷмӯъ аз рӯи 31 номгӯи ихтисос.

Филиали Марказ дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро аз рӯи се самт ба роҳ мондааст.

1. Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

2. Худмаблағгузор

3. Валидатсиякунони малакаҳои касбӣ

Марҳилаи муосири инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ зарурати баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисонро тақозо менамояд.

Ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таълиму тарбияи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим аҳамияти истифодаи технологияҳои таълимӣ ва усули фаъоли таълимро дар асоси муносибати боэътимод ҷоннок кардааст.

Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки сатҳу сифати таълимро дар Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи стандартҳои салоҳияти касбӣ, ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз рӯи 17 намуди касбу ихтисосҳо пешниҳод шудаанд, беҳтар гардонем.

Имрӯзҳо дар кишвар талаботи калонсолон ба бахшҳои кӯтоҳмуддати таълим афзудааст, яъне касбомӯзон таълими кӯтоҳмуддатро интихоб мекунанд. Албатта, барои онҳое, ки касби худро иваз карданианд ё касберо, ки талабот ба он зиёд аст, аз худ намуда, зудтар ба бозори меҳнати дохилӣ ё хориҷӣ ворид шуданианд, ин шакли таълим бусёр мувофиқ мебошад.

Филиал ҷиҳати ҳамкории судманд бо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар асоси шартнома, ҳамзамон бо ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бо истифода аз усулҳои нави таълимӣ ва нақшаю барномаҳои такмилдодашуда фаъолият менамояд.

Шумораи умумии шаҳрвандоне, ки тибқи роҳхатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд, 251 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 118 нафарашонро ҷавонон ва мардони синнашон аз 18-сола боло  ва бе шуғли доимӣ ташкил дода, ба омӯзиши касби кафшергар, муҳосибӣ, боғпарварӣ фаро гирифта шуданд. 133  нафари дигарашонро занону духтарони хонашини бе шӯғли доимӣ ташкил  медиҳанд, ки ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, чакандӯзӣ ва қолинбофӣ фаро гирифта шуданд.

Филиали Муассиаси давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандонро барои омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзи даъват намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳибкасб намудану ба шуғл фаро гирифтани мардуми шарифи Тоҷикистони азиз талош меварзад ва кӯшиш менамоянд, ки саҳми босазои худро гузорад.           

Умарҷон Исмоилов,
Директори филиали Муассисаи давлатии

«Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб

15.05.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36