Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи мудаввар оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандон баргузор гардид

10 марти соли 2022 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи мудаввар бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, сардорони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурляминова Зухра Абдуляминовна - муовини директори МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» оид ба масъалаҳои табобатӣ ва Баротзода Эмомалӣ – намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он баргузор гардид.

Агентӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори болозикр ва Фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро аз 15 апрели соли 2021, №8, инчунин аз 4 марти соли 2022 ҷиҳати иҷрои Нақша чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои саривақтии он зери назорат қарор дорад.

Аз ҷониби марказҳои таълимии системаи Агентӣ ҷиҳати иттилоотонӣ ва огоҳонии шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон, ҷавонон ва занон баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотонии онҳо оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар, барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи башар гардидааст, дар байни касбомӯзони марказҳо ва филиалҳои он мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон дар ин мавзӯъҳо дарсҳои кушод ташкил карда шудааст.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва иҷрои Нақша чорабиниҳои амалисозии «Стратегиия миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада, зери назорат қарор дода, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

11.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36