Боздиди Роҳбари «Маркази минтақавии кумак ба муҳоҷирон»-и шаҳри Самараи Русия аз Марказ

Роҳбари «Маркази минтақавии кумак ба муҳоҷирон»-и шаҳри Самараи Федератсияи Русия Сергей Нуждин дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дидан намуд.

Зимни боздид зикр гардид, ки ҳадафи асосии фаъолияти МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҳамчун зерсохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбомӯзӣ ва соҳиби ихтисосу ҳунар намудани онҳо мебошад.

Айни ҳол Марказ дорои 34 филиал дар шаҳру ноҳияҳои кишвар буда, соли 2021 наздик ба 30 ҳазор шаҳрвандонро соҳибкасб намуд.

Сергей Нуждин аз шароити касбомӯзӣ дар синфхонаҳои таълимии Марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷонибҳо метавонанд барои дар сатҳи хуб омода намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар базаи Марказ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар шаҳри Самари Федератсияи Русия ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

15.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36