Мулоқоти директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо ҳамоҳангсози лоиҳаи «Такмили идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи Абрешим»

3 феврали соли ҷорӣ мулоқоти директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Бақозода Сайрам Абдусаттор бо ҳамоҳангсози лоиҳаи «Такмили идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи Абрешим» дар Тоҷикистон Толиб Шарифов баргузор гардид.

Зимни мулоқот директори Марказ Бақозода Сайрам Абдусаттор зикр намуд, ки соҳибкасб намудани шаҳрвандон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагияшон яке аз ҳадафҳои асосии МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа дар навбати худ тазаккур дод, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) татбиқ карда мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи лоиҳа иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатӣ, дастгирии бахши давлатӣ дар самти муҳоҷират, коҳиш додани мушкилоте, ки муҳоҷирон ҳангоми кор ва зиндагӣ дар хориҷа дучор мешаванд, тавассути додани иттилоот ва машваратҳои зарурӣ мебошад.

Дар фарҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи  салоҳият ва имкониятҳои мавҷуда ҳамкориро тақвият бахшанд.

09.02.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36