ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БОШАД ҚАДР БИНАД ВА САДР НИШИНАД

Малика Боқиева аз соли 2015 инҷониб дар ҷамоати деҳоти Сухи шаҳри Исфара ҳамчун дӯзанда ва адрасбоф фаъолият намуда, байни мардуми аҳолии гирду атроф ва вилояти Суғд эҳтирому иззати беандоза дорад.

«Шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ранҷ намекашад, эҳтиром ва зиндагии осуда дорад, зеро бо касбу пешаи худ рӯзгорашро рангин месозад, мушкилиҳоро бартараф мекунад ва ҳамеша азизи ҳамагон аст», - мегӯяд муаллима Малика Боқиева.

Малика дар филиали «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»  дар шаҳри Исфара фаъолият намуда, дар курсҳои сайёри ҷамоати деҳоти Сух шогирдон тайёр мекунад.

Ҳунари Малика дӯзандагӣ ва адрасбофӣ мебошад. Занони маҳаллаҳои гирду атроф бо завқи баланд ва хоҳиши зиёд ба курсҳои ӯ меоянд. Бештари касбомӯзонро занону духтарони хонашин ташкил медиҳад.  

Зарина яке аз касбомӯзони курси дӯзандагӣ гуфт, ки дар курсҳои касбомӯзӣ аз муаллима Малика нозукиҳои ҳунари дӯзандагӣ, адрасбофӣ, харҷ ва масрафи масолеҳи истифодашавандаро омӯхта, имрӯз метавонад дар коргоҳҳои дӯзандагӣ ҳамчун мутахассиси хубу кордон фаъолият намояд. 

Малика Боқиева аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар самти  эҳёи ҳунарҳои миллӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки дар шаҳри Исфара, бахусус дар ҷамоати деҳоти Сух ва дигар ҷамоатҳои гирду атроф  ҳунарҳои фаромӯшшуда аз нав эҳё гардида, таваҷҷуҳи занону бонувон  ва соҳибкорон барои рушди ин самти муҳим дар ҳаёти ҳар яки мо бештар шуд.

Дар 5 моҳи аввали соли 2022 бевосита муаллима Малика 6 гурӯҳи касбомӯзонро, ки  иборат аз 17 нафарӣ мебошанд, аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, попӯрдӯз ва адрасбоф тайёр намудаанд, ки онҳо аз ҷониби филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара бо шаҳодатнома таъмин гардиданд.    

16.06.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36