БЕ ДАРДУ РАНҶ ГАНҶ МУЯССАР НАМЕШАВАД

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре беҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷ барат.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо дороӣ, сарват ва симу зар иваз кардану харидан ғайриимкон аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузург номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд.

Барҳақ гуфтаанд: «Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад».

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси cap намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад.

Тавре бузургон мегуянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Ҳунармандӣ асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё ниёзе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намеояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати  зиёд пайдо мекунад.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш шавад.

Дар тамоми давру замонҳо нафароне, ки соҳибҳунар буданд, соҳиби мақоми воло гаштаанд. Дар ҳар давру замоне тақозои айём будааст, ки одамон ҳунар омӯзанд, то душвориҳои зиндагиро бо меҳнати ҳалол бартараф намоянд.

Таърихи инсоният исбот намудааст, ки ҳар нафаре, ки боистеъдод ва ҳунарманд аст, бо фарқ аз дигарон зиндагии хубу осудатаре дорад. Ва ба худу ҷомеа суди зиёд меоварад.

Бузурге фармудааст:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркушо
ӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Бо шароити пурталотуби ҷомеа, раванди ҷаҳонишавӣ ва зиндагии сангини мардум, ки имрӯз бисёр ба сахтию душворӣ мегузарад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири соҳибҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани мардуми кишвар, ки аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд, саъю талош меварзад. Омӯхтан ва омӯзонидан ин хислати неки одамист, ҳунар чароғест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад. Дар ҷомеаи имрӯза бидуни надоштани ҳеҷ шуғле зиндагӣ кардан ва зиндагии хуб доштанро орзӯ кардан аст ва одами ҳушманд ва заки кӯшиш мекунад, ҳадди ақал  ҳунаре дошта бошад.

Имрӯзҳо ба хотири соҳибшуғл гардонидани мардуми кишвар фаъолияти филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар бисёр ба маврид ва бузург аст. Ин муассиса дар соли 2008 ташкил ёфта, то имрӯз ба мардуми кишвар ба хотири касб омӯхтан ва соҳибшуғл шудани онҳо хидмати боарзише намуд ва карда истодааст.

Муассисаи мазкур аз рӯи 31 ихтисос (дӯзандагӣ, ошпазӣ, челонгарӣ, барқчӣ, кафшергар, информатика, муҳосиб ва ғ.) ба хоҳишмандони синни 18-45 сола хизматрасонӣ менамояд.

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар имрӯз аз рӯи се самт фаъолият мекунад:

  1. Самти якум аз рӯи барномаи мусоидат бо шуғли аҳолӣ - тибқи харитаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин марказ бо ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун, Вахш ҳамкории худро ба роҳ мондааст. Нафарони бешуғле, ки дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, баъди 10 рӯз онҳо дар марказ ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
  2. Самти дуюми фаъолияти муассисаи мазкур ба тариқе ба роҳ монда шудааст, ки нафароне, ки барқчии хуб ё челонгарӣ хубанд, аммо шаҳодатномаи касбӣ надоранд, метавонанд бо супоридани имтиҳонҳои муайяншуда соҳиби  шаҳодатномаи  касбӣ гарданд.
  3. Самти сеюми фаъолият ин худмаблағгузор мебошад, ки  дар ин бахш касоне ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, ки шаҳодатномаи касбӣ доранд, аммо нозукиҳои касби худро хуб аз худ накардаанд.  Ин нафарон метавонанд дар тӯли се моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Инчунин нафароне, ки ҳамчун шахси бекор ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд, бо роҳхати Агентии шуғли аҳолӣ тариқи ройгон муддати 2 моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва ба андозаи 160 сомонӣ идрорпулӣ гиранд.

Фаъолияти ин гуна марказҳо имконият медиҳад, ки шахсони бешуғл ба хотири шароити хуби зиндагӣ доштан бо меҳнати ҳалол соҳиби касб ва пешбарандаи  хонаводаву ҷомеа бошанд.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш шавад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад.  Ҳунарманд ҳарҷо бошад, қадр бинад ва боло нишинад, мегӯянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон борҳо дар бораи соҳибкасб шудани мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон  мегӯянд. Таваҷҷуҳи беандоза доранд, ҳунару ҳунармандиро ташвиқ мекунанд, имтиёзҳо ҷорӣ менамоянд то сатҳи зиндагии инсонҳои ҳунарманд беҳтару хубтар шавад.

Дар Паёми солонаи худ Президенти мамлакат ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, сол аз сол кумаку дастгириҳои Роҳбарияти Олии кишварамон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мардум меафзояд. 

Воқеан ҳам, шахси ҳунарманд ва соҳибкасб бо дастранҷи бузурги худ метавонад, дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст, чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад. Рӯзгори осуда ва зебо дорад. Ҳунар инсонро хор шудан намемонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар самти соҳибкасб намудану рушд додани ҳунарҳои миллӣ ва муосир бештар талош намоем, то ҷомеаи имрӯзи мо боз ҳам рангинтару зиндагии мардумамон осудаву тинҷ бошад.

 

Зулайхои Х.,
Сармутахассиси Филиали МД
«Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар

05.05.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36