МО СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДЕМ!

Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба 110 нафар касбомӯзони намояндагии  «Маркази таълии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Норак, ки сокинони шаҳраку ҷамоатҳо буданд, шаҳодатномаи тахассусӣ супорида шуд.  

Касбомӯзон аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, қаннод, попурдӯз, асосҳои омӯзиши компютер, дуредгар, ҳисобдор, челонгари таъмири таҷҳизоти сантехникӣ, барқчӣ ва кафшергари газӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд.

Давомнокии курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз 1 то 3 моҳ буда, шаҳрвандоне, ки дорои таҷрибаи корӣ ҳастанд ва ниёз ба шаҳодатномаи тахассусӣ доранд, метавонанд дар Марказ ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар эътирофи малакаи касбӣ ва валидатсия - барномаи тезонидашудаи омӯзишии 36-соатаро гузашта, соҳиби шаҳодатнома шаванд.

Марказ омӯзишро дар се шакл пешниҳод мекунад:

  • Ройгон (танҳо барои бекор дар асоси роҳхатҳои шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ):

- роҳхат аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷои истиқомат;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

- расм 1 дона (3 x 4);

  • Худмаблағгузорӣ:

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

- расм 1 адад  (3 x 4);

- расид (квитансия) 185 сомонӣ, аз БДА «Амонатбонк» оид ба супоридани маблағи омӯзиш;

  • Валидатсия – эътирофи малакаҳои андӯхташуда:

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

- расм 1 адад (3 x 4);

- маълумот дар бораи малакаи касбӣ (маълумотнома аз ҷои кор, қайд дар дафтарчаи меҳнатӣ). Дар сурати мавҷуд набудани қайдҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ ё маълумотнома аз ҷои кор, нусхаҳои саҳифаҳои шиносномаи хориҷиро пешниҳод кардан лозим аст, ки дар он ҷо қайд оид ба гузаштани сарҳад дар кишвари будубоши муҳоҷири меҳнатӣ, ки ӯ ин фаъолияти меҳнатиро онҷо ба ҷо овардааст, мавҷуд аст;

- расид (квитансия) 135 сомонӣ, аз БДА «Амонатбонк» оид ба супоридани маблағи омӯзиш;

МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ҳамаи онҳоеро,ки мехоҳанд соҳибкасб шаванд, ба Марказ ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват менамояд ва онҳоро бо истифода аз таҷрибаи баланди устоҳои таълимӣ  ва шароити хуби омӯзиш ба касбомӯзӣ фаро мегирад. 

19.05.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36