Ихтисоси барқчӣ касби беҳтарин ва даромаднок ба ҳисоб меравад

«Агар дар оила мард соҳибкасб бошад, он гоҳ ин оила пойдор ва мустаҳкам мегардад. Шахсе, ки касбу ҳунар надорад, дар ҳама ҷо хору беқадр мегардад», - мегӯяд омӯзгори ихтисоси барқчӣ  дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» Ҷаббор Юнусов.

Ӯ аз соли 2008 инҷониб дар Марказ фаъолият намуда, ба шогирдон нозукиҳои ин касбро меомӯзад.

Ба зикри мавсуф, ҳоло дар Марказ наздик ба 40 нафар шогирдон аз рӯи ихтисоси барқчӣ таҳсил менамоянд.

«Шогирдони мо нисбат ба касби интихобнамудаашон шавқи зиёд доранд. Мо ба онҳо ҷобаҷогузории ноқилҳоро дар ҳуҷра, корхона ва иншоот меомӯзем. Пас аз хатм шогирдон метавонанд дар шабакаҳои барқӣ  ва сохтмонҳо кору фаъолият намоянд. Инчунин нафароне, ки барои кору фаъолият ба хориљи кишвар низ мераванд, дар маркази мо омода, касбу њунар меомузанд», - гуфт номбурда.

Касби барқчӣ аз касбҳои беҳтарин буда, даромади хуб дорад. Хоҳишмандони ин курс зиёд мебошанд. Ҳоло дар курсҳои Марказ аз ҷавонони 17-18-сола то мардҳои 53-сола ин касбро омӯхта истодаанд. Бештари ҷавонон  пеш аз сафар ба Русия аввал дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»  касб меомӯзанд ва пас аз соҳиби шаҳодатнома шудан дар Русия кору зиндагияшонро идома медиҳанд.

Курсҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар се самт: ройгон, худмаблағгузор ва валидатсия гузаронида мешаванд.

Барои ройгон таҳсил намудан, шаҳрвандон метавонанд ба шуъбаи шуғли аҳолии маҳали худ муроҷиат намоянд. Дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботи муайян ба онҳо роҳхат дода мешавад. 

Ҳангоми дарёфт накардани роҳхат шаҳрвандон имкон доранд, ки ба курсҳо бо тариқи худмаблағгузор аз қайд гузаранд. Маблағи таҳсил 185 сомониро ташкил медиҳад.

Нафароне, ки  касбу ҳунар доранду,  ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд, метавонанд ба «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» барои шаҳодатномакунонии малакаи касбии худ муроҷиат намоянд ва пас аз тасдиқи малакаи худ соҳиби Шаҳодатнома гарданд. Маблағи шаҳодатномакунонӣ 135 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки таҳсил тариқи барнома (ройгон) 2-3 моҳ, худмаблағгузор 1 моҳ ва шаҳодатномакунонӣ (валидатсия) 36 соатро дар бар мегирад.

Нафароне, ки аз рӯйи барнома (ройгон) тариқи роҳхат таҳсил менамоянд, ба онҳо  идрорпулӣ  дода мешавад, ки маблағи он ҳар моҳ  64 сомонӣ муайян шудааст.

29.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36