Намояндаи филиали Маркази таълими калонсолони шаҳри Исфара дар ҷамоати деҳоти Ворух ба касбомӯзон шаҳодатнома супорид

Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара шурӯъ аз аввали соли 2022 намондаи филилали маркази таълими калонсолони шаҳри Исфара ба фаъолият оғоз намуда, занону бонувони зиёди хонашин, инчунин ҷавонписарони бешуғлро ба касбомӯзӣ фаро мегирад. 

Яке аз духтарони маҳаллӣ Тахзира Тешаева ҳамчун корманди намояндаи филиал фаъолият намуда, аҳолии бешуғлро барои ҳарчи бештар ҷалб кардан ба касбомӯзӣ роҳнамоӣ менамояд.

Тахзира дӯзандаи хуб буда, то имрӯз 4 гурӯҳи духтарону занони хонашинро тӯли 2 моҳ ҳунари дӯзандагӣ ва попурдӯзӣ омӯзонидааст ва  соҳибкасб гардонидааст.

Дар баробари ин аз ҳисоби ҷавонписарон дар ҷамоати деҳоти Ворух 2 гурӯҳи дигар ба касби асосҳои омӯзиши компютер сафарбар карда шудаанд.

Инчунин дар курсҳои сайёри ҷамоати деҳоти Ворух занону бонувон ва ҷавонписарон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хусусӣ ба ҷамъоварӣ ва содироти меваҳои хушк ба хориҷи кишвар машғул ҳастанд.

Тахзира бо муҳаббати зиёд кору фаъолият намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар дар самти ҷалби ҳарчи бештари занону бонувони минтақаҳои дурудаст барои касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ изҳори сипос менамояд.

Ба гурӯҳи хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» Бақозода Сайрам Абдусаттор шаҳодатномаи тахассусӣ супорида шуд.

17.06.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36