ҲУНАР - ҶАВҲАРИ СИМУ ЗАР

Ҳунар сармояи бузург буда, онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад.

Тавре мегўянд, шахси ҳунарманд дар ягон давру замон хору мӯҳтоҷ намегардад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» аз рӯи якчанд касб ба шаҳрвандон ҳунар омӯхта мешавад, ки яке аз онҳо ҳунари заргарӣ мебошад.

Устои заргар, омӯзгор Алишер Элбеков аз соли 2018 инҷониб ба шогирдон ҳунари заргариро меомӯзад.

Ба гуфтаи мавсуф, заргарӣ ҳунари нозук буда, омӯзиши ин ҳунар аз инсон сабру тоқати зиёд талаб мекунад. Ҳоло ҷавонон бештар барои омӯхтани ин касб шавқу рағбати зиёде доранд. Айни замон беш аз 10 нафар дар Марказ ҳунари заргариро меомӯзанд.

Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» омӯзишро дар се усул: ройгон, худмаблағгузор ва валидатсия, яъне эътирофи малакаҳои андӯхташуда пешниҳод менамоя. Хоҳишмандоне, ки имконияти пардохти маблағро доранд, тариқи худмаблағгузорӣ омӯзиш мегиранд.

Шахсоне, ки ҳамчун бекор аз тарафи давлат ба қайд гирифта шудаанд, дар асоси роҳхатҳои шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷои истиқомат ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

«То имрӯз Марказ шогирдони зиёдеро дар риштаи заргарӣ омода намудааст. Ҳоло шогирдони мо аз рӯи ҳунари омӯхтаашон зиндагияшонро пеш бурда истодаанд. Аллакай бархеяшон устои калон шуда, шогирд низ омода мекунанд», - гуфт Алишер Элбеков.

Ба ибрози мавсуф, ҳунари заргарӣ кори душвор буда, омӯзгорон сараввал кӯшиш менамоянд, ки ба шогирдон шаклҳои осони ороишоти заргариро омӯзанд. Сипас, оҳиста-оҳиста ба онҳо шаклҳои душвори ороишот омӯзонида мешаванд.

- Омӯзиши мо як моҳро дар бар мегирад. Ин бисёр муддати кӯтоҳ аст. Нафароне, ки хоҳиши пурра омӯхтани ин ҳунарро доранд, муҳлати омӯзишро дароз менамоянд. Пас аз хатми Марказ шогирдон бо шаҳодатнома таъмин карда мешаванд ва онҳо метавонанд бо ин ҳуҷҷат дар тамоми коргоҳҳои заргарӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият намоянд. То имрӯз мо ба шогирдон тарзи омода намудани ангуштарин, чандин намуд гӯшвора, зиреҳ ва коркарди сангҳоро омӯхтем. Мо бештар дар машғулиятҳои худ аз метали нуқра истифода мебарем,- мегӯяд устои заргар.

Шаҳрванди Афғонистон Одил Увайс, ки ҳоло бо амри тақдир дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад, чунин иброз менамояд, ки тайи як моҳ мешавад, бо тавсияи рафиқаш ба Марказ омада, ҳунари заргариро меомӯзад. То имрӯз ӯ аз устоди худ нозукиҳои ҳунари заргариро омӯхтааст ва ҳоло бо боварӣ мегӯяд, ки аз уҳдаи омода намудани ангуштарин ба хубӣ мебарояд.

«Ман аз устоди худ миннатдор ҳастам, ки нозукиҳои ин ҳунарро ба ман ва дӯстони афғонам, ки дар ин гурӯҳ 4 нафар ҳастем меомӯзанд. Ман то ба ин Марказ омадан ягон касбу кор надоштам. Нақша дорам, ки пас аз хатми ҳунари заргарӣ барои худ коргоҳе кушода, дар он ҷо кору фаъолият намоям. Мо дар ин муассиса ба таври худмаблағгузор таҳсил менамоем, ки маблағи он 185 сомониро ташкил медиҳад. Аз фурсат истифода бурда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин шароит миннатдорӣ баён мекунам», - гуфт Одил Увайс.

10.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36