Дар баробари духтарон писарон низ ба касби ошпазӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд

Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» курси ошпазӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонони зиёде дар он нозукиҳои омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд.

Тавре омӯзгори курси мазкур Мафтуна Набиева иброз дошт, айни замон дар курси ошпазӣ 13 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд.

Ба андешаи мавсуф, ҳоло ба ин курс таваҷҷуҳи ҷавонписарон зиёд мебошад. Онҳо дар инҷо таҳсил карда, тарзи омода намудани ҳар гуна хӯрокҳои милливу аврупоӣ, хӯрокҳои тезтайёр, нонпазӣ ва қаннодиро меомӯзанд ва пас аз хатми курс соҳиби шаҳодатнома гардида, метавонанд дар дилхоҳ корхона аз рӯи касби худ кору фаъолият намоянд.

«Ман тайи 6 сол аст, ки дар «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» кору фаъолият дорам ва ба шогирдони зиёде нозукиҳои ин касбро меомӯзам. Ҳоло шогирдони мо дар тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳо кору фаъолияти босамар доранд. Тавре дар боло гуфтем, таваҷҷуҳи писарон ба касби ошпазӣ бениҳоят зиёд аст. Бештари онҳо мехоҳанд ин касбро аз худ намуда, дар тарабхонаву ошхонаҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар рафта кор кунанд. Имрӯзҳо баъзе аз шогирдони мо аллакай сарошпаз ва ёрдамчии ошпаз шуда кор мекунанд», - тазаккур дод Мафтуна Набиева.

Бино ба гуфтаи номбурда, курси ошпазӣ 2 моҳро дар бар гирифта, дарсҳо аз рӯи барномаи таълимӣ гузаронида мешаванд. 

«Ҳоло як моҳи таҳсили шогирдон гузашт. Дар ин муддат мо ба шогирдон дарсҳои назариявӣ гузашта, ҳоло дарсҳои амалиро оғоз намудем. Дарсҳои назариявии мо аз забономӯзӣ, ҳуқуқшиносӣ, соҳибкорӣ ва маводшиносӣ иборат буданд. Зеро касби омўхтаи шогирдони мо пас аз соҳиби шаҳодатнома шудан бояд ба бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад,- илова кард ӯ. - Аз ин рӯ, мо, пеш аз ҳама, ба онҳо забон меомӯзонем, ки дар дигар давлат худро муаррифӣ карда тавонанд ва ҳуқуқҳои худро донанд. Инчунин маҳсулоти ба хӯрок лозамиро интихоб ва ҳисобу китоб кунанд. Дар вақти машғулиятҳо ҳамарӯза тарзи омода намудани хӯрокҳои якум, дуюм ва хӯрокҳои тезтайёр омӯзонида мешаванд».

Касбомӯзи курси ошпазӣ Хиромон Шарифова мегӯяд, ки тайи як моҳ мешавад дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» нозукиҳои ошпазиро меомӯзад. Ӯ собиқ хатмкардаи курси дӯзандагии ҳамин муассиса буда, имрӯз дар курси ошпазӣ таҳсил менамояд.

«Мо то ин муддат тарзи омода намудани хӯрокҳои зиёдеро омӯхтем. Ҳоло ман аз уҳдаи омода намудани шаурма, самбӯсаи туркӣ, резашӯрбо, чебурек ва гулманту ба хубӣ мебароям. Ман пеш аз ба курси ошпазӣ омадан дар курси дӯзандагии ҳамин Марказ таҳсил намудам. Баъдан ба хулосае омадам, ки ин касбро низ аз худ кунам. Зеро дар курси ошпазӣ ба мо ҳам хӯрокҳои миллӣ, аврупоӣ ва ҳам пӯхтани ҳар гуна шириниро меомӯзонанд. Ман бисёр мехостам омода намудани хӯрокҳои аврупоиро омӯзам. Имрӯз бо ташаббуси ин Марказ ман аллакай худро шинохтам, ҳунар омӯхтам ва ба зиндагии мустақилона омода мешавам», - иброз дошт Хиромон.

Аз нигоҳи Хиромон ҳоло тамоми шароит ва таҷҳизоти замонавӣ, ки барои пӯхту паз лозиманд дар Марказ мавҷуд буда, имконияти хуб барои омӯхтани ин ё он ҳунар фароҳам оварда шудааст.

01.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36