Мулоқоти директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо намояндагони GIZ

1 феврали соли ҷорӣ мулоқоти директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Бақозода Сайрам Абдусаттор бо намояндагони лоиҳаи «Беҳтарсозии имкониятҳои шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон», ки дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) маблағгузорӣ мешавад, доир гардид.

Зимни мулоқот директори Марказ зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Ин нукта дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ ироа гардид ва дар 5 соли минбаъда бояд беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони кишвар соҳибкасб гарданд.

Ҷониби GIZ тазаккур дод, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтарсозии шароити шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур ҳамкориро ба роҳ монда, барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва беҳтарсозии базаи моддию техникии филиалҳо дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

07.02.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36