СОҲИБКАСБ БУДАН – ТАЛАБИ ЗАМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд.

Имрӯз бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи чандин ихтисосҳо ба ҷавонону шаҳрвандон касбу ҳунар омӯзонида мешавад.

Тавре зимни суҳбат омӯзгори челонгари таъмири автомобил Фирӯз Гурезов иброз дошт, имрӯзҳо ҷавонон нисбат ба омӯхтани касбу ҳунар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд, ки бояд чунин низ бошад, зеро ҷавонон пешбарандаи давлату миллат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд соҳиби касбу ҳунар бошанду дар пешбурди давлат саҳмгузор гарданд.

Ба ибрози мавсуф, ҳоло майли ҷавонон ба курсҳои челонгари таъмири автомобил, кафшергари барқӣ ва таҷҳизоти сантехникӣ бештар аст. Барои омӯзиш дар синфхонаи челонгари таъмири автомобил тамоми шароит муҳайё буда, шогирдон имкон доранд, ки дар ин марказ тамоми системаҳои нави автомобилро аз худ намоянд ва таъмири муҳаррику қисмҳои эҳтиётии автомобилро пурра омӯзанд.

«Шогирдони мо бештар мехоҳанд ин касбро аз худ намуда, дар корхонаҳои истеҳсолӣ кору фаъолияташонро идома диҳанд. Имрӯз мо бо чандин корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома дорем ва шогирдони мо пас аз хатми муассиса метавонанд ба ин корхонаҳо рафта, кору фаъолият намоянд», - гуфт Фирӯз Гурезов.

Ба гуфтаи Фирӯз Гурезов, ў худ собиқ хатмкардаи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» буда, 5 сол мешавад, ки дар Марказ ба шогирдон таъмири автомобилро меомӯзонад.

- То имрӯз шогирдони зиёдеро ҳунар омӯхтам ва онҳо имрӯз дар корхонаҳои истеҳсолӣ сарбаландона фаъолият доранд. Айни замон беш аз 10 нафар ҷавонон ин касбро меомӯзанд. Ҳар яки инҳо дар пеши худ мақсад гузоштаанд, ки ин касбро аз худ карда, рӯзгорашонро пеш баранд.

Курси омӯзишии челонгари таъмири автомобил аз 1 то 3 моҳро дар бар гирифта, аз рӯи 3 усул: ройгон, худмаблағгузор ва валидатсия омӯзонида мешавад.

Осиф Хайдарӣ иброз менамояд, ки тӯли 1 моҳ аст дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси челонгари таъмири автомобил касб меомӯзад. Ӯ орзу дорад, ки пас аз хатми Марказ дар ягон коргоҳ ба ҳайси устои таъмири автомобил кор кунад.

“Ман шаҳрванди Афғонистон мебошам. Аз он рӯзе, ки ҳамроҳи оилаам ба Тоҷикистон омадам, ягон кори аниқ барои пешбурди зиндагӣ надоштам. Аз ин рӯ, бо роҳнамоии рафиқонам ба Марказ омадам, то ин ки касбу ҳунареро омӯзам. То имрӯз ман хеле чизҳоро аз устоди худ омӯхтам ва хурсандам, ки бо ин касби интихобнамудаам дар ягонҷо хор намегардам», - гуфт ӯ.

Бино ба зикри Сино Шарифов, ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар ягон муассисаи олӣ натавонист таҳсилашро идома диҳад. Ҳоло баҳри омӯхтани касб ӯ ба «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» омада, таъмири автомобилро меомӯзад.

«Ман ба ин касб шавқи зиёд дорам ва дар Марказ тариқи худмаблағгузор касб омӯхта истодаам. Дар нақша дорам, ки пас аз хатми омӯзиш соҳиби шаҳодатнома шуда, фаъолияти кориямро дар Федератсияи Русия идома диҳам. Тамоми шароит дар ин ҷо хуб мебошад ва ман аз ҷавононе, ки касбу кор надоранду дар хиёбонҳо ба бекорагардӣ машғуланд, гуфтаниям, ки омада дар ин гуна курсҳо аз омӯзиш гузаранд ва соҳиби касбу кор гарданд. Мо ҳамарӯза аз шаҳри Ваҳдат ба инҷо меоем ва нақша дорам пас аз хатми омӯзиш дар ягон коргоҳ фаъолият намоям», - иброз намуд номбурда.

10.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36