Касби кафшергари газиву барқӣ дар бозори меҳнат талаботи зиёд дорад

Дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» курси кутоҳмуддати кафшергарӣ мавҷуд буда, то имрӯз шумораи зиёди шаҳрвандон ин касбро аз худ намудаанд. Ҳоло онҳо бо ин касби худ зиндагиашонро пеш бурда, дар зебоии Ватани азизамон саҳм гузошта истодаанд.

Тавре устои таълимӣ Собир Расулов зимни суҳбат иброз дошт, дар ҷомеаи имрӯза бе доштани касбу ҳунар инсон зиндагиашро пеш бурда наметавонад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси ҳунарманд дарахти босамареро мемонад, ки меваҳои он шаҳдбору боллазатанд.

«Падарам солҳои зиёд дар Марказ ба ҳайси устои таълимӣ кору фаъолият дошт. Ва ман имрӯзҳо касби падари шодравонамро ҳифз кардаву дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ба шогирдони зиёде ҳунари кафшергариро омӯзонида истодаам. Маҳз ҳамин ҳунар имрӯз вазъи иқтисодии хонаводаҳои касбомӯзони моро беҳтар мекунад. Бархе аз онҳо бо шаҳодатномаи мо ба хориҷ аз кишвар рафта, рӯзгорашонро пеш мебаранд. Дар бозори меҳнат касби кафшергари газиву барқӣ талаботи зиёд дорад. Ҳаргоҳе онҳо бо ман дар тамос мешаванд аз «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» миннатдорӣ менамоянд, ки онҳоро соҳибкасб намудааст», - мегӯяд номбурда.

Ба зикри мавсуф, ҳоло ҳунари кафшергарӣ талаботи зиёде дошта, шогирдон пас аз хатми он метавонанд мустақилона кору фаъолият намоянд.

«Мо дар давоми омӯзиш ба касбомӯзони худ омода намудани ҳар гуна ороишот аз оҳан, омода намудани дарвоза, панҷара ва гулмонакҳои зеборо меомӯзонем. Курсҳои омӯзишии мо аз як то се моҳа буда, тариқи ройгон, худмаблағгузор ва валидатсия гузаронида мешаванд. Тариқи ройгон нафароне ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд, ки бо роҳхати шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ меоянд. Ҳоло дар синфхонаҳои мо беш аз 15 нафар касбомӯзон нозукиҳои кафшергариро омӯхта истодаанд», - гуфт Собир Расулов.

Ҳамчунин номбурда афзуд, ки ман имрӯз аз шаҳрвандони бе касбу кор ва хосса ҷавонон даъват менамоям, ки ҳар лаҳзаи умри хешро ғанимат дониста, ба марказҳои касбомӯзӣ раванд ва соҳиби ҳунар шаванд.

Касбомӯзи курси мазкур Сӯҳроб Каримзода иброз медорад, ки давоми як моҳ тариқи худмаблағгузор касб меомӯзад. Ӯ тӯли ин муддат нозукиҳои кафшергариро аз худ намуда, мустақилона чанд намуд гулмонак низ сохтааст.

«Ман аз касби интихобнамудаи худ розӣ мебошам ва нисбат ба он шавқи зиёд дорам. Тавре мегӯянд, то ба касбе дилбастагие надошта бошӣ, онро ба пуррагӣ аз худ карда наметавонӣ. Ман низ ба ин касб дилбастагии зиёд дорам. Ҳоло дар ин Марказ шароитҳои зарурӣ ва таҷҳизотҳои муосир муҳайё буда, барои омӯзиши ҳунар ягон мушкилоте монеа намегардад», - мегӯяд Сӯҳроб Каримзода.

12.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36