Таҷлили рӯзи Артиши миллӣ!

   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлоли кишвар буда, омили асосии таъминкунандаи сулҳу суббот, осоиштагӣ ва амну аммонии Ватани азизамон ба шумор меравад.
   Бахшида ба 28- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  чорабинии идона миёни кормандони Марказ баргузор гардид. 
   Дар чорабинӣ муовини директор, сардори Раёсати таъмини методӣ, иттилоотӣ ва шарикии иҷтимоӣ Авғонова Марям иштирок варзида, сараввал тамоми иштирокчиёни чорабиниро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, зимни маърузаашон қайд карданд, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи субботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тӯли 28- сол Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу суббот хизматҳои беназир намудааст.
   Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактабҳои обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст».
   Дар ин замина корманди ҷавони Марказ, сармутахассиси шӯъбаи таълим Гулов Сафарбек, ки худ адои хизмат намудааст, зимни баромадашон иброз доштанд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ садҳо ҷавонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни Ватанро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ, мардонагиву шуҷоат, адолатнокиву қавииродагӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти кишвар равона месозанд. Мо ҷавонон бояд барои сулҳу субот дар кишвар ва пешгири аз шомилшавии ҳамсолонамон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро талош варзида, ғайратамонро барои ободию осоиштагӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон равона созем.
   Дар фарҷом гурӯҳи бонувони Марказ бо умеди сулҳу субот ва гулгуншукуфоии кишварамон бори дигар иштирокчиёнро ба рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, муваффақият ва бурдбориҳоро баҳрашон таманно намуданд.

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

(+992) 236 96 02