ЗАНОНИ ХОНАШИН СОҲИБКАСБ ШУДАНД!

Бо ибтикори филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ  98 нафар занону модарони танҳо ва хонашин ба омӯзиши курсҳои «Дӯзанда» ва «Қаннод» тӯли 2 моҳ  ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва баъди хатми курсҳои мазкур бо шаҳодатномаҳои рамзи давлатидошта сарфароз гардиданд.

Бештари ин занон дар коргоҳҳои хурдӣ дӯзандагӣ ва қаннодӣ, инчунин дар назди хонаҳои худ бо ҳунару касби омӯхтааашон машғул шуда, баҳри беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилаҳояшон  мусоидат мекунанд.

Шаҳодатномаи хатми курсҳоро ба касбомӯзон директори филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  дар ноҳияи Шоҳмансур Наргис Бурҳонова дар фазои тантанавӣ ба занону духтарон  супориданд.

11.10.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36