Дар шаҳри Гулистон барои кормандони филиалҳои "Маркази таълими калонсолони Тоҷикисон" давраи омӯзишӣ баргузор шуд

Ҳудуди 20 тан аз кормандони филиалҳои муассисаҳои давлатии “Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон” (МД МТКТ) аз 14 то 16 октябри соли 2022 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар як давраи омӯзишӣ иштирок карданд. Давраи омӯзишӣ бо кӯмаки Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Асотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) баргузор шуд.

Ширкатдорони давраи омӯзиш тарзи муносибат бо шахсони дорои маъюбият, фалсафаи зиндагии мустақилона, чораҳои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва пешгирии бемориҳои вирусиву гузарандаро омӯхтанд.

Саида Иноятова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Созмони занони маъюб “Иштирок”", ки дар давраи омӯзишии мазкур мураббӣ буд, гуфт, иштирокдорон донишҳои гирифтаашонро дар марказҳои таълимии калонсолон роҳандозӣ мекунанд.

“Вақте дар марказҳо давраҳои таълимӣ, масалан, дуредгарӣ, дузандагӣ ва ғайра ташкил мешавад, масъулони марказҳои таълими калонсолон ба ширкатдорони давраҳо дар баробари касб дар бораи муносибат бо шахсони дорои маъюбият фалсафаи зиндагии мустақилона, чораҳои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои гузарандаро маълумот медиҳанд”, - гуфт Саида Иноятова.

Дар давраи омӯзишӣ дар шаҳри Гулистон намояндагони филиалҳои МТКТ вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат карданд.

Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2009 барои боло бурдани зарфияти роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони филиалҳои МТКТ кӯмак мерасонад. Боло бурдани зарфияти роҳбарон ва ҳайати омӯзгорон дар асоси услуби интерактивии таълими калонсолон сурат мегирад.

Шуруъ аз соли 2018 давраҳои омӯзишӣ барои кормандони МТКТ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт оид ба беҳсозии кор бо шахсони дорои маъюбият ташкил шудаанд. Дар ин омӯзишҳо мавзуҳое аз қабили малакаҳои муошират; фалсафаи зиндагии мустақилона; ҳуқуқҳои зоймони занони дорои маъюбият; кӯмаки аввалия ва пешгирӣ аз бемориҳои вирусӣ ва гузаранда дар бар гирифта шудаанд.

Дар доираи амалисозии тарҳи Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) дар нақша аст, ки барои тақрибан 60 омӯзгори  муассисаи давлатии МТКТ дар шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Бохтар, Норак, Гулистон, Исфара ва Конибодом давраи омӯзишӣ ташкил карда шавад.

Давраҳои омӯзишии малакаҳои муҳими зиндагӣ дар бастаи  хидматрасониҳои МТКТ шомил карда мешаванд ва вобаста ба талаботи аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла одамони дорои имкониятҳои маҳдуд истифода мегарданд.

28.10.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36