Мулоқот бо намояндагони ташкилоти «KOSHUMA» ва Коллеҷи лифти Ҷумҳурии Корея

26 май мулоқоти директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Сайрам Бақозода бо роҳбари Коллеҷи лифти Ҷумҳурии Корея Ли Ҳюн Сеок ва намояндаи ташкилоти «KOSHUMA» Ҷаебок Шим доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забони кореягӣ, фароҳам овардани шароити моддию техникӣ дар Марказ барои омӯзонидани шаҳрвандон аз рӯи ихтисоси устои таъмири лифтҳо ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимиро баррасӣ намуданд.  

30.05.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36