ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Имрӯз дар толори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо МД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" - и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши омӯзишӣ бахшида ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон, директори Агентӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ва кормандони дастгоҳи Агентӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва раҳнамои фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ буда, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро фаро мегирад.
Маърузачиён дар бораи вазифаҳои мушаххаси соҳа дар самти иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём, аз ҷумла: фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, густариши омӯзиши касбу ҳунар, рушди иқтидори меҳнатӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ изҳори андеша намуданд.
Илова бар ин, иштирокчиён таъкид доштанд, ки дастуру супоришҳои дар Паём зикршударо сармашқи кори худ қарор дода, тамоми донишу таҷрибаи худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат сафарбар менамоянд.
Дар фарҷом як қатор фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.