КОНСТИТУТСИЯ- БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ғояҳои сулҳдӯстонаю инсонспарваронаи мардуми тоҷик мебошад, ки барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад. Зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.”
Таърих гувоҳ аст, ки ин санадҳои муҳим раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд.
Конститутсияи кишвар тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, орзуву ормони мардуми заҳматкаши тоҷикро инъикос намояд ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин дар байни давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Бигузор, Конститутсияи мамлакат ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.