ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандон ва устоҳои таълими истеҳсолии дастгоҳи марказӣ ва филиали шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур  ширкат варзиданд.

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, баъдан директори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  Бақозода Сайрам Абдусаттор бо суханони табрикотӣ суханронӣ намуд ва ҳозиринро бо фарорасии ҷашни миллӣ – 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Зикр гардид, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ давлати мо рӯ ба тараққӣ оварда, ба пешравиҳои назаррас ноил гашт, ки ин натиҷаи заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ҷумла, тасмими ташкили МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», ҷалби оммавии шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва ба ин васила соҳиби ҳунар намудани аҳолӣ низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад, моҳи марти соли 2008 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор кормандони фаъол бо Ифтихорномаи МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

07.09.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36