Дар Хоруғ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид

16 август дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «PomirInvest-2022» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, намояндагони шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, намояндагони сафоратҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ, коршиносону масъулини соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода чорабинии болозикрро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо дар ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ комёбиҳои муайян ба даст оварда шудаанд, ки самараи худро дода истодаанд.

Ҳадаф аз он ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати дар заминаҳои мавҷуда, таъсис додани ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ВМКБ тавассути ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди пурмаҳсул дар кишвар буда, ин чораҳо ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузоранд.

Дар ҷаласаи мазкур Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, нақшаи кории вазорат то соли 2026 доир ба таъмини шуғлнокӣ тавассути рушди малакаҳои муосири ҷавонону занон ва дастгирии ҳунармандӣ дар ВМКБ: имкониятҳо, мушкилотҳо ва дурнамо, таҷрибаи таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути стартапҳо дар ВМКБ рӯнамоӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа доир ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ як қатор тавсияҳо қабул карда шуданд.

Ҳамзамон ҳайати расмӣ ва шарикони рушд аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки дар доираи чорбинии мазкур ташкил гардид, дидан намуданд.

22.08.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36