Наврӯз ҷашни бостонӣ, муътабар ва муқаддас аст

20 март дар МД «Истироҳатгоҳи коргарҷавонони Ромит» ҷашни байналмилалии Наврӯзи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки дар он роҳбарият ва тамоми сохторҳои вазорат ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Нахуст роҳбарият ва меҳмонон аз хони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва намоиши намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон - дастранҷи хонандагони муассисаҳои таълимии вазорат дидан намуданд.

Баъдан Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода иштирокдоронро бо фарорасии Наврӯзи хуҷаста табрику шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад, ки аз умқи қарнҳо то ба даврони мо расида, бо хусусиятҳои хосу рамзҳои ҳакимонааш бо руҳи таърихии миллати шарафманди тоҷик пайвандии амиқу дақиқ дорад.

Тантанаҳои Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфтанд.

 

22.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36