Шумораи бонувону духтарони касбомӯз меафзояд

Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бе касбу кор аз 5 марти соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Имрӯз дар Муассисаи мазкур шаҳрвандон аз рӯи 56 ихтисос ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Тавре зимни суҳбат омӯзгори ҳунарҳои миллӣ Гулистон Қурбонова иброз дошт, тайи чанд сол инҷониб дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ба бонувону духтарон нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ, аз қабили бофандагӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, муҳрадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва тарзи дӯхти либосҳои милливу аврупоиро меомӯзад.

«Духтарон тайи 2 моҳ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд ва давоми ин муддат аз нозукиҳои тамоми намуди ҳунарҳои миллӣ огоҳ мегарданд. Дар курсҳои таълимии Марказ на танҳо шахсони бе касбу кор, балки нафароне, ки соҳибҳунар ҳастанду боз хоҳиши омӯхтани чунин касбро доранд, ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд», - афзуд Гулистон Қурбонова.

Ба зикри мавсуф, имрӯзҳо талабот ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ зиёд гардида, духтарон бештар хоҳиш доранд, дӯхти либосҳои миллӣ ва аврупоиро аз худ кунанд.

«Айни ҳол дар курси ҳунарҳои миллӣ 30 нафар духтарон тариқи роҳхатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Нафароне, ки тариқи роҳхат ба инҷо меоянд, бо идрорпулӣ таъмин мегарданд. Баъд аз хатми омӯзиш шогирдони мо метавонанд дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият кунанд»,- иброз намуд омӯзгори курси ҳунарҳои миллӣ.

«Айни ҳол дар курси ҳунарҳои миллӣ 30 нафар духтарон тариқи роҳхатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Нафароне, ки тариқи роҳхат ба инҷо меоянд, бо идрорпулӣ таъмин мегарданд. Баъд аз хатми омӯзиш шогирдони мо метавонанд дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият кунанд»,- иброз намуд омӯзгори курси ҳунарҳои миллӣ.

Касбомӯз Самира Алиева баён дошт, ки сар аз моҳи феврали соли равон Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои аз худ кардани ҳунар омадам.

«Тайи як моҳ мешавад, ки дар ин боргоҳ омӯзгорон ба мо духтарон нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро меомӯзанд. То имрӯз ман тарзи пора кардани либосҳои миллӣ ва дӯхти он, тарзи омода намудани либосҳои аврупоӣ ва инчунин гулдӯзӣ, чакандӯзиро омӯхтам. То вақти ба марказ омадан ман ягон шуғл надоштам. Дугонаам, ки дар ин Марказ ҳунари дӯзандагиро омӯхт, ҳоло дар хона ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул аст. Ӯ ба ман тавсия дод, ки ба ин ҷо омада, ҳунар омӯзам. Ҳоло бо тавсияи дугонаам ман дар ин ҷо ҳунар меомӯзам»,- мегӯяд Самира Алиева.

Ҳамчунин номбурда бо хушнудӣ иброз медорад, ки пас аз чанде соҳибкасб гардида, бо ин ҳунар зиндагияшро пеш мебарад.

«Тавре мегӯянд, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Пас аз хатми курси ҳунарҳои миллӣ дар нақша дорам, ки дар ин боргоҳ нозукиҳои ороиши мӯю рӯйро низ аз худ кунам», - тазаккур дод ӯ.

10.03.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36