Истиқлолияти давлатӣ – заминаи рушди касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзии ҷавонон.

Slide Image
Истиқлолияти давлатӣ – заминаи рушди касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзии ҷавонон.

      

         Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки заминаи асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, касбомӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз маҳз ба шарофати сулҳу субот ва фазои созанда шаҳрвандон имконият доранд дониш ва малакаҳои касбии худро такмил дода, барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ ва соҳибкорӣ омодагӣ гиранд.

         Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат дар даврони истиқлол фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши касбу ҳунар мебошад. Касбомӯзӣ ҳамчун омили муҳими таъмини шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳибкории хурду миёна нақши муҳим дорад. Омӯзиши касб ба инсон имконият медиҳад, ки соҳиби ҳунар гардида, дар бозори меҳнат мавқеи худро пайдо намояд ва бо истифода аз малакаҳои андӯхта манбаи даромади устувор фароҳам созад.

         Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба масъалаи омӯзиши касбу ҳунар ва омодасозии ҷавонон ба меҳнати созанда таваҷҷуҳ намуда, таъкид кардаанд: «Ҳар як ҷавон бояд соҳиби касбу ҳунар бошад ва барои зиндагии мустақилона омодагӣ гирад».

         Ин андешаи созанда аҳамияти махсус дошта, моро водор месозад, ки ба масъалаи касбомӯзии ҷавонон, занону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро ҷомеаи муосир ба мутахассисони дорои донишу малакаҳои амалӣ ниёз дорад. Дар баробари таҳсилоти умумӣ, омӯзиши касбу ҳунар метавонад барои ҳар як шахс роҳи нави рушди шахсӣ ва касбиро боз намояд.

         Дар солҳои охир дар кишвар барои рушди муассисаҳои таълимию касбомӯзӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши касбу ҳунар ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои шаҳрвандон тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд. Дар ин раванд фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Марказ ба шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки аз рӯйи касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла дӯзандагӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, ороиши мӯю рӯй ва нохун, кор бо компютер, заргарӣ, кандакорӣ, бофандагӣ ва дигар самтҳо дониш ва малакаҳои амалӣ омӯзанд.

         Тавсеаи фаъолияти Марказ ва зиёд гардидани шумораи филиалҳои он аз дастовардҳои назарраси соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.     

Агар соли 2008 Марказ дорои ҳамагӣ 4 филиал бошад, пас соли 2025 шумораи филиалҳои он ба 51 адад расонида шуд. Тавсеаи шабакаи филиалҳо барои дастрас гардидани хизматрасониҳои касбомӯзӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкониятҳои бештар фароҳам овард. Дар натиҷа, шаҳрвандон новобаста аз маҳалли зисти худ имконият пайдо намуданд, ки ба омӯзиши касбу ҳунар ва азхуд намудани малакаҳои зарурии меҳнатӣ фаро гирифта шаванд.

         Ҳамзамон, теъдоди шаҳрвандони ба омӯзиши касбу ҳунар фарогирифташуда низ дар ин давра ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар соли 2008 ҳамагӣ 190 нафар шаҳрванд ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда бошанд, пас соли 2025 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 40 ҳазор нафар дар як сол расид. Афзоиши мазкур аз васеъ гардидани имкониятҳои касбомӯзӣ, зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти Марказ ва филиалҳои он шаҳодат медиҳад.

         Касбомӯзӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки соҳиби касб гардида, дониш ва малакаи худро дар фаъолияти меҳнатӣ истифода баранд, ҷойи кор пайдо намоянд ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Ин раванд дар навбати худ ба баланд гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоии оилаҳо ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд.

         Махсусан ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ яке аз самтҳои муҳими ин фаъолияти созанда ба шумор меравад. Зеро омӯзиши касбу ҳунар барои занон имконият фароҳам меорад, ки малакаҳои худро такмил дода, дар баробари масъулиятҳои оилавӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ низ машғул шаванд. Ҳамин тариқ, касбомӯзӣ метавонад дар баланд бардоштани нақши иқтисодии занон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо саҳми назаррас гузорад.

         Истиқлолияти давлатӣ инчунин барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Ҳунарҳои миллӣ, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд, қисми муҳими фарҳанги миллии мо мебошанд. Омӯзиши дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ на танҳо барои ба даст овардани даромад, балки барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ низ муҳим мебошад. Аз ин рӯ, касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ дар шароити имрӯза бояд ҳамчун воситаи рушди иқтисодӣ ва ҳамзамон ҳифзи мероси фарҳангӣ арзёбӣ гардад.

         Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Давлати соҳибистиқлол барои таълиму тарбия, рушди қобилият ва омодасозии онҳо ба ҳаёти мустақилона имкониятҳои заруриро фароҳам меорад. Ҷавони соҳибкасб метавонад дар рушди иқтисоди кишвар саҳми муносиб гузорад, бо меҳнати ҳалол зиндагии худро таъмин намояд ва барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.

         Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлати соҳибистиқлол самаранок истифода бурда, барои омӯзиши дониш, касб ва ҳунар талош намояд. Зеро меҳнати созанда, дониш, касбият ва малакаи баланди касбӣ аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

         Бо итминон метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи инсон, аз ҷумла касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, заминаи устувор фароҳам овардааст. Давом додани ин раванд, баланд бардоштани сифати таълими касбӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар метавонад ба рушди бозори меҳнат, коҳиш додани бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.

         Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имконияти созандагӣ ва рушди шахсиро фароҳам овардааст. Касбомӯзӣ бошад, яке аз роҳҳои муҳими истифодаи самараноки ин имконият мебошад. Омӯзиши касб, азхуд намудани ҳунар ва меҳнати ҳалол на танҳо кафолати зиндагии шоиста, балки саҳми арзандаи ҳар як шахс дар ободии Ватани соҳибистиқлол мебошад.

 

                                                     Шамсов Рустам-муовини директори

                                                    Муассисаи давлатии «Маркази рушди

                                                         ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»

                                                 

31.08.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36