Ташрифи намояндагони Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург ба Марказ

Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аз Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дидан намуданд.

Зимни боздид меҳмонон бо имкониятҳои Марказ дар самти омӯзиши шаҳрвандон аз рӯи касбу ихтисосҳои гуногун шинос шуданд.

Зикр гардид, ки Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос ба омӯзиш фаро мегирад, ки қисми муайяни онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

30.05.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36