МУКОФОТИ НОБЕЛ БАРОИ ПАЖӮҲИШҲО ВОБАСТА БА НАҚШИ ЗАНОН ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ

МУКОФОТИ НОБЕЛ БАРОИ ПАЖӮҲИШҲО ВОБАСТА БА НАҚШИ ЗАНОН ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ

 

Соли ҷорӣ иқтисодшиноси амрикоӣ ва профессори Донишгоҳи Ҳарвард Клаудиа Голдин "барои пажӯҳишҳо вобаста ба нақши занон дар бозори меҳнат" барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи иқтисод шуд.

Клаудиа Голдин муаллиф, ҳаммуаллиф ва муҳаррири якчанд китобҳо, аз ҷумлаДарки фарқияти гендерӣ: таърихи иқтисодии занони амрикоӣ (1990), “Иқтисоди танзимшаванда: равиши таърихӣ ба иқтисоди сиёсӣ (1994) ваЛаҳзаи муайянкунанда: Депрессияи бузург ва иқтисоди Амрико дар асри ХХ (1998), “Коррупсия ва ислоҳот: Дарсҳо аз таърихи иқтисодии Амрико” (2006) мебошад.

Номбурда дар асарҳояш доираи васеи масъалаҳоро оид ба қувваи кории занон, фарқияти даромади гендерӣ, нобаробарии даромад, тағйироти технологӣ, таҳсилот ва муҳоҷирати занон мавриди баррасӣ қарор додааст. Аксари пажӯҳишҳои ӯ мушкилоти замони ҳозираро тавассути муқоиса ва омӯзиши асри гузашта тафсир мекунанд.

Яке аз омилҳои асосие, ки иқтисодшиносон ба вазъияти ҳуқуқии занон дар бозори меҳнат баҳо медиҳанд, шумораи умумии  занон дар бозори меҳнат, ба ибораи дигар, фоизи коргарон аз шумораи умумии занон мебошад.

Пеш аз Голдин, дар иқтисод фарзияи шуморавӣ бартарӣ дошт. Яъне иқтисод ҳар қадар рушд кунад, ҳамон қадар имкониятҳо барои занон дар бозори меҳнат тавсеа меёбад ва шумораи занони дар иқтисодиёт фаъол зиёд мегарданд.

Голдин дар як қатор мақолаҳое, ки дар солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум  нашр кард, нишон дод, ки ин ақида ба таври мутлақ дуруст нест. “Агар дурнамои тӯлонии фаъолияти меҳнатиро ба назар гирем, сатҳи иштироки қувваи кории занон аввал бо рушди иқтисодӣ коҳиш меёбад ва сипас ба таври мунтазам дар шакли U боло меравад.” – қайд менамояд Голдин.

Солҳои зиёд муҳаққиқон танҳо тарафи рости U-ро диданд, ки афзоиши тадриҷии иштироки қувваи кории умумии занон, ки дар асри XIX оғоз ёфт ва сипас дар як нуқтаи муайян суръат гирифт. Голдин пас аз омӯзиши маъхазҳои таърихӣ муайян намуд, ки ин болоравӣ танҳо пас коҳиши тӯлонӣ пеш омадааст. Азбаски маълумот дар бораи меҳнати занон нопурра буда, таърихшиносон нақши онҳоро дар бозори меҳнат нодида гирифтаанд, хулосабарориҳои қаблӣ танҳо аз як паҳлу нишон дода шудааст.

Голдин дар ҷараёни  тадқиқотҳо ҳиссаи иштироки занони шавҳардор ва модарони танҳоро дар бозори меҳнат мавриди пажӯҳиш қарор дод. Тибқи маълумоте, ки ӯ ҷамъоварӣ намуд, дар охири XVIII ва ибтидои асри XIX ҳиссаи занони шавҳардор дар бозори меҳнати Амрико беш аз 60%-ро ташкил медод.

Пас аз инқилоби саноатӣ, фаъолияти корхонаҳо тавсеа ёфта, вазифаҳои корӣ мураккабтар шуданд ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ якҷо бо масъулиятҳои оилавӣ барои занон душвор гардиданд ва аллакай дар нимаи аввали асри XIX, фоизи занони шавҳардор дар бозори меҳнати ИМА рӯ ба коҳиш овард.

Монеаҳои институтсионалӣ, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба вуҷуд омаданд, боиси тадриҷан камшавии ҳиссаи занони шавҳардор дар бозори меҳнат гашт. Дар натиҷа, сатҳи миёнаи иштироки қувваи кории занони шавҳардор дар ИМА дар соли 1940 дар сатҳи солҳои 1890 - бештар аз 20% боқӣ монд.

Тадқиқотҳои Голдин аз он ҷиҳат арзишманд мебошанд, ки ӯ собит намуд, ки новобаста аз  боло рафтани ҳиссаи умумии занон дар бозори меҳнат, он муназзам набуда, мушкилоти зиёд то ҳол мавҷуд аст ва бинобар сабабҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон, ки аз бонувон масъулияти дучандро талаб мекунанд, инчунин фарқияти музди маош дар байни мардон ва занон, ки ҳатто дар кишварҳои рушдкарда ба андозаи 13%-ро ташкил медиҳад,  онҳо наметавонанд дар баробари мардон корномаи меҳнатии худро муназзам вусъат бахшанд.

Новобаста аз он, ки тадқиқотҳои Голдин асосан ҳудуди Амрикоро дар бар мегирад, паҳлуҳои нави омӯзиши бозори меҳнати занон, ки аз ҷониби ӯ пешниҳод шуд, барои дигарон низ имкон медиҳад то ба масъалаи нақши занон дар бозори меҳнат жарфтар назар андозанд ва паҳлуҳои гуногуни масъаларо таваҷҷуҳ намуда, барои бартараф кардани мушкилиҳо чораандешӣ намоянд.

 

Муродзода У.

муовини директори МД “Маркази

таълими калонсолони Тоҷикистон

11.12.2023

Последние новости

Наши партнеры

Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Агентство труда и занятости населения Республики Таджикистан

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36