555 нафар сокинони ВМКБ барои касбомӯзӣ ба филиалҳои Марказ роҳхат гирифтанд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд ва дар доираи нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳарчи бештар таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойи кор, гурӯҳи кориро бо роҳбари муовини якуми вазир А. Раҳмонзода таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафарбар намуд.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Б. Баротзода, сардори Хадамоти муҳоҷират Т. Каримзода ва сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Д. Муродзода шомил мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ВМКБ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ 2 июни соли 2022 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар назди бинои Театри давлатии ба номи Меҳрубон Назаров баргузор намуданд.

Дар ин  чорабинӣ  37 ташкилоту муассисаҳои  шаҳри Хоруғ  иштирок намуда, 175 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоргардида 520 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд, ки дар натиҷа 57 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор роҳхат гирифта, 20 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок номнавис шуданд ва 80 нафар барои касбомӯзӣ ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ роҳхат гирифтанд. Инчунин 50 нафар тавассути кормандони МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ»  машварати касбӣ гирифтанд.

Ҳамзамон дар филиали Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дар ВМКБ, ки барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар дар шаҳри Хоруғ машғуланд 35 нафар шаҳрвандони бекор барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳориҷи кишвар рафтан  номнавис шуданд.

Тавассути ин ярмарка 242 нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд.

Инчунин 6 июни соли 2022 такроран дар шаҳри Хоруғ ва 7 июни соли 2022  дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим, Ванҷ, Дарвоз ва Мурғоб  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  баргузор гардид.

Дар ин  чорабинӣ  151 ташкилоту муассисаҳои  шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  итштирок намуда, 632 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пешниҳод намуданд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоргардида 3810 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд, ки дар натиҷа 268 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор роҳхат гирифта, 206 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок номнавис шуданд ва 475 нафар барои касбомӯзӣ ба филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз  роҳхат гирифтанд. Инчунин 433 нафар тавассути кормандони МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» машварати касбӣ гирифтанд.

Дар ин раванд, тавассути филиали Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и  ВМКБ 365 нафар шаҳрвандони бекор барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳориҷи кишвар рафтан номнавис шуданд. Ба 754  нафаре, ки эҳтимолияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доштанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Тавассути  ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба 2743 нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта хизматрасониҳои иҷтимоӣ  анҷом дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра гурӯҳи корӣ тавассути баргузор намудани чунин чорабиниҳо бо шаҳрвандони бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо анҷом дода, дар бораи зиёд гардидани зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, таҳдиду хавфу хатарҳои гуногун ба зиндагии осоиштаи кишвар, барои ба вуҷуд овардани руҳияи устувори ифтихор аз давлату ватандорӣ, таҳкими сулҳу дустӣ суҳбатҳо орост.

09.06.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36