НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТИ ТОҶИКИСТОН

Slide Image
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин рӯйдоди таърихии халқи тоҷик мебошад, ки бо ба даст омадани он мардуми мо соҳиби давлатдории мустақил гардида, имкони худтанзимкунии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо намуданд. Маҳз истиқлол буд, ки заминаи воқеӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таҳкими сиёсати иҷтимоӣ ва ташаккули бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат сиёсати устувори иҷтимоӣ ва меҳнатиро пеш гирифта, тавассути санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти сохторӣ ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саъйи зиёде намудааст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ, роҳбарияти давлат аҳамияти хосса ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дод. Қабули қонунҳои соҳавӣ, таъсиси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин ташкили муассисаҳои махсуси дастгирии иҷтимоӣ аз ҷумлаи иқдомоти аввалин ба ҳисоб меравад. Бо мурури замон, сиёсати иҷтимоии кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки низоми ҳуқуқии нав дар соҳаи меҳнат ташаккул ёбад. Қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ташкили марказҳои шуғли аҳолӣ қадами ҷиддӣ дар рушди бозори меҳнат гардид.

Давлат тавассути барномаҳои махсуси шуғл ва касбомӯзӣ имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандон ба касбҳои нав соҳиб шуда, ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мутобиқ гарданд. Дар ин замина, касбомӯзии калонсолон яке аз самтҳои афзалиятнок гардид, ки ба шаҳрвандони синну соли гуногун имкони такмили ихтисос, азхуд кардани касбҳои нав ва мутобиқ шудан ба талаботи иқтисоди муосирро фароҳам овард. Ин иқдом махсусан барои афроде, ки дар шароити рақамисозии иқтисод бо ҷойҳои нави корӣ мувоҷеҳ мешаванд, аҳамияти хос дорад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз падидаҳои муҳими иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад, дар доираи қонунгузории миллӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ танзим мегардад. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии меҳнат ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ низ ба рушди бозори меҳнат таъсири мусбат расонидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд, аз ҷумла, баланд гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ; таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт; рушди низоми касбомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳо; афзоиши дастгирии иҷтимоии аҳолии камбизоат ва осебпазир.

Бо вуҷуди ин, мушкилоти муайян низ ҷой доранд. Аз ҷумла, дар шароити рақамисозӣ, ки бахшҳои зиёди иқтисод ба технологияҳои иттилоотӣ ниёз доранд, талабот ба мутахассисони дорои малакаҳои рақамӣ меафзояд. Ин раванд зарурати боз ҳам густариш додани низоми касбомӯзии калонсолон, такмили барномаҳои таълимӣ ва дастгирии бозори меҳнатро тақозо мекунад.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон сарчашмаи пешрафту тараққиёти устувор ва кафолати рушди сиёсати иҷтимоӣ ва бозори меҳнат гардид. Дар даврони истиқлол давлат тавонист заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мустаҳкамро барои рушди низоми меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузорад.

Имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо, масъалаи рақамисозии бозори меҳнат, таъмини шуғли босифат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.

Боварӣ дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати меҳнатӣ ва иҷтимоии кишвар боз ҳам такмил ёфта, ба таҳкими Истиқлол ва рушди устувори Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

 

Холиқулзода Фарангис Рустамҷон

Сармутахасиси шуъбаи таъмини методӣ - иттилоотӣ МД “Маркази рушди ҳунармандӣ  ва малакаҳои касбии муосир

 

 

02.09.2025

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36