"МЕВАҲОИ ШИРИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ"

Slide Image
"МЕВАҲОИ ШИРИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ"

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи бузург буд. Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомад. Мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди аз нав барқарорсозӣ, ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав таъмини амтияну оромии ҷомеа ба монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардиданд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад. Инро мо дар мисоли қаҳрамонҳои халқи тоҷик ба монанди Шераку Спитамен, Зарринаву Томирис ва садҳои дигар медонем. Вале халқи тоҷик бо талош, меҳнат ва заҳмати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, Тоҷикистон ва халқи тоҷикро дар вартаи ҳалокат роҳонид.

Дастоварди бузурги мо, ки дар тули 34 –соли истиқлолият пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу субот, пойдории Ваҳдати миллӣ, таъмини худшиносиву ватандорӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон аз нав барқарорсозӣ дар ҳама соҳаҳо оғоз гардид, ки ин то имрӯз тавонист, Ватани азизи моро ба сарзамини ободу зебо мубаддал гардонад. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони НБО Сангтуда-1,2, Помир-1, Роғун ба кор даромадани агрегатҳои он, роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма- Қайроқум, нақби Анзоб, нақби Истиқлол ва Ваҳдат, нақбҳое, ки  дар ноҳияи Дарвоз ки пурра иҷро гардидани онҳо ҳали рафту омад дар ноҳияҳои кӯҳи мушкил гузар осон намояд, аз тарафи дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлатҳои ҳамсоя мепайвандад.

Ҳама сола даҳҳо муассисаҳои мактаби нав сохта шуда, даҳҳои дигар аз нав барқарор карда шудаанд. Литсейҳо, гимназияҳо ва колеҷҳо рӯз то рӯз меафзояд.

Имрӯзҳо пойтахти азизи мо ба яке аз шаҳрҳои зебо мубаддал гардидааст. Азнавсозии шаҳр, биноҳои баландошёна, боғҳои фароғатӣ, хиёбонҳову гулгаштҳо ба шаҳр ҳусни беандоза зам менамоянд. Корхонаҳои саноатии шириву қаннодӣ сокинони шаҳрро ба ҷойҳои корӣ таъмин месозанд, ки боиси баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад. Ин ҳама ба меҳнату талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми мамлакаҳои ҷаҳон  мустақилона робита мекунад. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд.

Мо ҷавонон бояд шукургузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ намоем. Шукургузор аз ин хоку аз ин обу аз ин сарзамини биҳиштосо бошем. Аз ин рӯ мо ҷавонон ба хотири эътибори баштар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз муҳимтарин технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ бархурдор бошем. Забонҳои хориҷиро аз бар намоем, бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузорем.

         Ҳадаф аз таъсиси МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” соҳибкасб намудани саросарии аҳолӣ, дастрас намудани низоми таълими касбӣ ба ҳама қишрҳои ҷомеа, таъсис додани низоми ягонаи давлатии таҳсилоти калонсолон, бо воситаи ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон паст намудани шиддати бекорӣ, таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои коргарӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва мутобиқ намудани таълими касбӣ ба талаботи замон буд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2009 ин нуктаро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуда буданд, ки сабаби дигари бекорӣ дар кишвар аз он иборат аст, ки гурӯҳҳои ҷудогонаи аҳолӣ касбу ҳунар ва ихтисоси муайян надоранд. Яъне қисми зиёди захираҳои меҳнатии кишвар аз онҳое иборатанд, ки ба фаъолият дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус саноату сохтмон омода нестанд. Бо мақсади ислоҳи чунин вазъ шабакаи марказҳои таълимии касбомӯзии калонсолон ташкил гардида, барои ба талаботи бозори меҳнат ва сохтмонҳои муҳими кишвар мутобиқ намудани омодагии тахассусии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.

Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда волои истиқлолият ва ҳадафҳои созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад. Бигзор, Истиқлоли давлати тоҷикон, то абад устувору поянда бошад.

 

Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлолият аст,

Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлолият аст.

Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,

Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлолият аст.

 

 

 

Назриева Фатона Қодировна

мудири шуъбаи таъмини методӣ-иттилоотӣ  МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир

02.09.2025

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36