«Рӯзи дарҳои кушод» дар намояндаи «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Норак

1 июл бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон  дар намояндаи Марказ дар шаҳри Норак «Рӯзи дарҳои кушод» доир гардид. 

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Давлат Носирзода, директори «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Бақозода Сайрам Абдусаттор ва директори ташкилоти Ассотиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International)  Зарина Холиқова ширкат доштанд.  

Дар баробари касбомӯзони Марказ, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳри Норак, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва бонувони ҳунарманд ширкат варзида, аз кушодашавии боз як маркази касбомӯзӣ изҳори хушҳолӣ намуданд.

Дилшод Асозода зимни суханронӣ аз ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар самти касбомӯзӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ибрози  назар намуда, омӯзиши ҳарчи бештари касбу ҳунарҳои мардумӣ ва замонавиро тазаккур дод.

Давлат Носирзода зикр кард, ки барои ҳарчи беҳтару бештар кардани шароит ва базаи моддиву техникӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шӯгли аҳолӣ омодааст бо мақомоти маҳаллӣ зичтар ҳамкорӣ намуда, дар самти соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон саҳми бештари худро гузорад.

Дар ҳар як синфхонаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорону касбомӯзон барои ҳозирин дарси маҳорат (мастер клас) гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки намояндаи «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар  шаҳри Норак дар доираи ҳамкории дутарафаи Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон таъмир ва таҷҳизонида шудааст.

02.07.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36