Дар Шуғнон марказҳои омӯзишӣ барои ташкили курсҳо омода мебошанд

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз сохторҳои вазорат дар ноҳияи Шуғнон дидан намуд.

Зимни боздид аз МДТ «Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон» иттилоъ дода шуд, ки ташкили устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, аз ҷумла барои ихтисосҳои дӯзанда, порагар бофанда ба нақша гирифта шуд.

Барои устохонаҳои мазкур таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби шарикони рушд ба муассиса дастрас шуда, бунёди синфхонаҳои таълими истеҳсолӣ оғоз мегарданд.

Сохторҳои вазорат дар ноҳия, аз ҷумла раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар бинои наву замонавӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, фаъолият намуда истодаанд.

Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои касбомӯзии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) ду Маркази омӯзиши ҷавонон баъди таъмиру азнавсозӣ барои ташкили курсҳои омузишӣ омода мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин марказҳо, ки дар ҳамкорӣ бо МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" фаъолият менамоянд, утоқҳои машваратдиҳии равонӣ мавҷуд буда, дар онҳо барои омӯзиши касбии шахсони дорои имконияти маҳдуд афзалият дода шудааст.

Бо назардошти ин аз ҷониби вазир барои тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ мондани омӯзиш дастурҳои иловагӣ дода шуд.

13.07.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36