Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара завқи занон ба касбомӯзӣ зиёд мешавад

Мадина Мирмуҳаммадова яке аз омӯзгорони фаъол ва сермаҳсули филиали  «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара буда, дар баробари ин роҳбарии коргоҳи хусусии дӯзандагии ҶДММ «Азиза»-ро, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бар дӯш дорад. 

Мадина  хатмкардаи курсҳои касбомӯзии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» буда, пас аз хатми курси дӯзандагӣ дар филиали Марказ бо ҷалби яке аз соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи дӯзандагӣ кушод ва имрӯз дар коргоҳи ӯ 18 нафар занону духтарони ҷамоати Чоркӯҳ бо маоши ҳадди ақали 750 сомонӣ фаъолият доранд.

Корхонаи дӯзандагии «Азиза» бо роҳбарии Мадина ва ҷалби занону бонувони маҳалла дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати Эрамиди Федератсияи Русия ба духтани либосҳои тиббӣ машғул мебошад.

Инчунин бо супориши раиси шаҳри Исфара корхона таъмини 6 ҳазор сару либоси мактабиро бар дӯш дорад. Дар баробари ин дар доираи ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсол ва содироти  меваҳои хушк ба Федератсияи Русия халтачаҳои махсус омода мекунад.

Мадина бо завқи зиёд аз пешаи интихобкардааш ҳарф мезанад ва хеле болидарӯҳ аст, ки метавонад занону духтарони бешуғл ва хонашинро ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб кунад ва ба кор таъмин намояд. Нақшаҳои зиёд дорад.

Дар баробари курсҳои касбомӯзӣ ва фаъолияташ дар ҶДММ «Азиза» Мадина инчунин ба омӯзиши ҳунари қаннодӣ ва ошпазӣ низ завқи зиёд дошта, духтарони маҳаллаҳои гирду атрофи ҷамоати Чоркӯҳро ба курсҳои мазкур ҷалб менамояд.

16.06.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36