ТАҶЛИЛИ ПУРШУКУҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар чорабинии мазкур директори Маркази омузиши “Мактаби давлатдории Эмомали Раҳмон”-и Академияи идоракунӣ ва хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода ва кормандони вазорат инчунин сохторҳои вазорат, муассисаҳои давлатӣ ва коршиносон иштирок доштанд. Нахуст роҳбарияти вазорат ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонон ва кормандони гиромиро бо ин рузи таърихӣ, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аҳли иштирокдоронро хайрамақдам намуданд.
Қайд намуданд, ки дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилӣ фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳфаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.
Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки баҳри барқарор намудани сулҳи саросарӣ, якпорчагии мамлакат, раҳонидан аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.
Бо ин хотир, ҳамчун Роҳбари давлат таъин шуданашан савганд ёд карданд, ки “Ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати саросарии мардумони гуногунмиллати кишварамро таъмин хоҳам намуд”. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, барои халқу миллати худ хизматҳои арзандаву беназир кардааст.
Инчунин дар чорабини мазкур директори Маркази омузиши “Мактаби давлатдории Эмомали Раҳмон”-и Академияи идоракунӣ ва хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода ҳузур доштанд, бо суханронӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат лаҳзаҳои муҳиму таърихиро қайд намуданд.
Мавсуф иброз намуданд, ки ҳадафу дастгириҳои Сарвари муаззами миллат дар рушду нумуъи саноаткунонии босуръати кишвар, ба роҳ мондани иқтисодиёти сабз, таҳким бахшидан ба соҳаҳои кишоварзӣ, ғамхориҳои беназирашон ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи доимиашон ба ятимону маъюбон ва табақаи осебпазири ҷомеа бараъло мушоҳида мегардад.
Дар ҷараёни ҳамоиш Амирбекзода Назира доир ба китоби тозанаш, ки аз ҷониби Маркази омузиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таҳти унвони “Рӯзи Президент-нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон”-ро муррифӣ намуда, таклиф намуданд, ки барои мутоилаи он ҳамчун нишони эҳтиром ҳар як шаҳрванди кишвар муваззаф бошанд.
Дар фарҷом роҳбарияти вазорат аҳли кормандонро бо Рӯзи Президент ҳамчун рӯзи муқаддасу таърихӣ, нишони эҳтироми самимонаи тамоми сокинони мамлакат ба хизматҳои бесобиқа ва арзандаи Пешвои миллат муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.