Ҳайати Тоҷикистон дар самти таълими калонсолон бо мутахассисони Гурҷистон табодули таҷриба кард

“Дар Гурҷистон сокинон Марказҳои таълими калонсолони маҳаллиро хонаи худ медонанд. Бисёр озодона рафту омад мекунанд. Ҳатто давраҳои рақсу суруд доранд. Солхӯрдаҳо ҳам барои омӯхтани касбҳои нав меоянд. Ҳамин таҷрибаро метавонем, марҳила ба марҳила дар филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” (МД МТКТ) амалӣ кунем”.

Як ҳайат аз Тоҷикистон барои омӯхтани таҷрибаи Гурҷистон дар  масъалаи таълими калонсолон ба он кишвар сафар кард. Ин сафар аз 5 то 12 сентябри соли ҷорӣ бо кумаки Намояндагии Институти хамкории байналмиллалии Асотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) анҷом шуд.

Дар сафари мазкур 14 нафар кормандони филиалҳои МД МТКТ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, кормандони Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Гулнора Раҳмонова, корманди Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз сафар омӯзиши таҷриба, барномаҳо ва технологияи Гурҷистон  дар бахши таълими калонсолон буд. Вай афзуд, ҳайати Тоҷикистон фаъолияти марказҳои Гурҷистонро омӯхт ва эҳтимол дорад, ки дар оянда он таҷрибаҳоро ба фарҳангу анъанаҳои Тоҷикистон мутобиқ сохта, барои беҳбуди кор истифода баранд.

“Маҳсули ҳунари таълимгирандагон дар Гурҷистон ба намоиш ва фурӯш бароварда мешавад. Маблағи бадастомада ба эҳтиёҷоти марказҳо сарф мегардад. Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ дар Гурҷистон на танҳо макони омӯзиш, балки макони ҷамъиятӣ низ ҳастанд. Одамон меоянд, бо ҳамдигар муошират мекунанд. Ин таҷрибаҳоест, ки метавон дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон ба роҳ монд”, - афзуд Гулнора Раҳмонова.

Вай афзуд, ҳайати Тоҷикистон аз марказҳои таълими калонсолон дар шаҳрҳои Тифлис, Батумӣ, Ҷварӣ, Кахетия, Тетри-Тскаро ва Амбролаурӣ дидан кард. Дар маҷмуъ ҳайати Тоҷикистон дар ин шаш шаҳр аз шаш марказ дидан кардааст.

Яке аз вижагиҳои дигари марказҳои Гурҷистон дар он буд, ки дар қатори аҳолии маҳаллӣ, гурезаҳо ва муҳоҷиронро низ бо таълим фаро мегиранд, гуфт Раҳмонова.

Яке аз фарқиятҳои дигари марказҳои Гурҷистонро ҳайати Тоҷикистон дар он ёфтааст, ки он марказҳо чанд манбаи сармоягузорӣ доштаанд. Дар баробари кумакҳои давлатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ҳамзамон тоҷирону сокинони маҳаллӣ ба марказҳои таълими калонсолон кумаки моддӣ мерасонанд, нақл кард масъули DVV International дар Тоҷикистон Гулнора Раҳмонова.

Малика Собирҷонова, корманди ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” – шарики Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин сафар иштирок кардааст, гуфт, робитаро бо марказҳои таълими калонсолони Гурҷистон ва мамлакатҳои дигар доимӣ хоҳад кард. Собирҷонова афзуд, доимӣ кардани робита барои табодули бештари таҷриба кумак мерасонад.

Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон бо МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” аз соли таъсиси Марказ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои таълимӣ барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, аз қабили бекорон, маҳбусон, занон, ҷавонон ва маъюбон ҳамкории зич дорад.

Дар давоми 5 соли охир Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон консепсияи Марказҳои таълими калонсолони маҳаллиро (Community Learning Centers) пешбарӣ мекунад. То имрӯз дар шаҳрҳои Норак, Гулистон, Себистон ва Ваҳдат дар заминаи филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” 4 маркази таълими калонсолони маҳаллӣ барои амалисозии таҳсилоти ғайрирасмӣ, аз ҷумла малакаҳои ҳаётӣ ва касбомӯзӣ ба чавонон ва калонсолон таъсис дода шудааст.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Гурҷистон аз 5 то 12 сентябри соли ҷорӣ низ дар доираи консепсияи Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ сурат гирифт.

 

Бознашр аз ҳафтаномаи "Фараж", аз 19.10. 2022

28.10.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36