«ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ…». Дар 1 моҳ метавон касби хуб ва сердаромади челонгариро аз худ кард

Челонгарӣ кори хуб ва сердаромад буда, ҳар як хонавода ба хидмати ин гуна нафарон ниёз дорад. Дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» имрӯз курси челонгари таҷҳизоти сантехникӣ амал намуда, мутахассисони зиёдро ба бозори меҳнат омода ва пешниҳод кардааст.

Устои челонгар Рустам Муратов, ки дар ин даргоҳ ба шогирдон касби челонгари таҷҳизоти сантехникиро меомӯзонад, мегӯяд, челонгар будан хуб аст, зеро ҳама оила ниёз ба устои челонгар дорад ва ин касб дорои даромади хуб низ мебошад. 

«Бо ҳадафи ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва соҳиби ихтисосу ҳунар намудани онҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» курси челонгари таҷҳизоти сантехникӣ фаъолият менамояд. Ҳоло дар ин курс ҷавонон ва шахсони бе касбу кор ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин шабу рӯзҳо таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҳамсоякишвари  Афғонистон (гурезаҳо) нисбат ба ин касб зиёд буда, аксари шогирдони моро имрӯз онҳо ташкил медиҳанд. Ҳоло дар синфхонаи мо беш аз 25 нафар шаҳрвандони Афғонистон ин касбро аз худ намуда истодаанд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри ӯ, курси омӯзишӣ дар самти худмаблағгузор 1 моҳро дар бар гирифта, инчунин дар ду самти дигар, аз ҷумла ройгон курсҳои 2 ва 3 моҳа ва валидатсия бо ҷалби курсҳои 12 рӯза низ ба роҳ монда шудааст.

Дар курси мазкур устои челонгар ба довталабон бештар дарси назариявиро бо кори амалиявӣ якҷо мегузаронад.

«Дар синфхонаи мо тамоми шароити омӯзиш фароҳам буда,  мошинаи ҷомашӯӣ, термекс, ванна ва дигар таҷҳизоти лозима баҳри касбомӯзӣ мавҷуд мебошанд. Мо ҳамарӯза дар рафти дарс бо истифода аз онҳо ба шогирдон  тарзи васл кардан ва ҷобаҷогузории қубурҳоро меомӯзем», - мегӯяд  Рустам Муратов.

Ба ибрози мавсуф, ҳарчанд Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» фаъолияташро аз соли 2008 оғоз намудааст, ҳоло низ шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз мавҷуд будани чунин  Марказ огоҳ нестанд. Имрӯзҳо мо кормандон бо роҳбари Муассиса талош дорем, ки  нафарони бешуғлро ба касбомӯзӣ бештар фаро гирем ва сафи бекоронро дар мамлакат коҳиш диҳем. Аз фурсат истифода бурда,  ба шаҳрвандони бекасб ва ҷавонон муроҷиат менамоям, ки вақти худро сарфи корҳои беҳуда накунанд ва дар марказҳои касбомӯзӣ баомӯзиши касбу ҳунар машғул шаванд. Зеро шахси ҳунарманд ва соҳибкасб дар ҳама ҷо бологузар буда, соҳиби обрӯю эътибор аст. Беҳуда шоирон нагуфтаанд, ки:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Дар кушоӣ кунӣ на дарбандӣ.

01.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36