Марказ ороишгарони мӯй, рӯй ва нохунро омода менамояд

Инсон бояд зебоипараст бошад. Зебоипарастӣ на танҳо зебу зиннати зоҳирӣ, балки ҷаҳду талоши инсон баҳри бахту саодат ва  зиндагии хушу хурсандонаро дар бар мегирад. Чунин иброз дошт мутахассиси  курси омӯзишии ороиши мўй, рўй ва нохуни Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Моҳсафар Мавлонова.

«Соли 12-ум аст, ки дар ин боргоҳ  ба шогирдон нозукиҳои ороиши мӯю рӯйро меомӯзам ва шогирдони зиёде ин касбро омӯхта, дар толорҳои ороишӣ кору фаъолият менамоянд. Дар курси омӯзишии ороиши мўй, рўй ва нохун нафарони аз 15 сола боло метавонанд омада касбу ҳунар омӯзанд. Дар ин ҷо на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Афғонистон низ омӯзиш мегиранд», - гуфт Моҳсафар Мавлонова.

Ба андешаи ӯ, дар ҷомеаи имрӯза ҳама мехоҳад зебо бошад. Вақте мо ба шогирдон зебогиро меомӯзем, онҳо зебоипарастиро аз худ ва аз хонаву дари худ оғоз менамоянд. Занон, ки худ зебо ҳастанд, мо тарзи дуруст истифода намудани ҳар гуна шампуну малҳамҳо, истифодаи дурусти маводҳои косметологӣ ва нигоҳубини мӯй, рӯй ва нохунро меомӯзем.

Имрӯз Марказ шогирдони зиёде дорад, ки аз рӯи касби омӯхтаашон кору фаъолият  намуда, зиндагияшонро аз рӯи он пеш мебаранд. Ҳоло дар Марказ зиёда аз 30 нафар дар басти якум ва дуюм нозукиҳои ороиши мӯй, рӯй ва нохунро меомӯзанд. Онҳо нисбат ба ин касб шавқу рағбати беандоза доранд. Дар миёни онҳо ҷавонписарон низ мавҷуданд, ки хоҳиши омӯзиши ин касбро доранд. Онҳо мехоҳанд пас аз хатми омӯзиш соҳиби шаҳодатнома гардида, аз рӯи касби омӯхтаашон фаъолият намоянд.

«Нафароне, ки дар ин ҷо касб меомӯзанд, бештарашон хоҳиши кор карданро доранд. Ҳастанд нафароне, ки барои худ ва аҳли оилаашон ин касбро аз худ мекунанд. Пӯшида нест, ки дар толорҳои ороишӣ танҳо як кӯтоҳ кардани мӯй тахминан  50-60 сомониро дар бар мегирад.  Агар дар як хонавода 4 нафар зан бошанд, наметавонанд аз ин хидматрасониҳо истифода баранд, зеро маблағи он зиёда аз 200 сомониро дар бар мегирад, ки на ҳама оила имкони пардохти ин маблағро дорад. Аз ин рӯ  ин касбро бархе аз духтарону занон барои худ ва оилаашон меомӯзанд» – афзуд Моҳсафар.

Касбомӯзи курси ороишгари мӯй, рӯй ва нохун Соҳило Бахтиёрӣ зикр намуд, ки тайи як ҳафта мешавад, дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» омўзиш мегирад.

«Ман шаҳрванди Афғонистон мебошам, тайи 9 моҳ аст, ки дар Тоҷикистон ҳамроҳи оилаам зиндагӣ менамоям. Тӯли ин муддат ман дар инҷо бекор будам ва ягон шуғли аниқе надоштам. Рӯзе тариқи интернет огоҳ шудам, ки дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои нафарони бекасбу кор  курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудааст. Пас аз ин ман омадам ба ин Марказ ва ороиши  мӯй, рӯй ва нохунро интихоб намудам. Зеро ман аз хурдӣ ба ороиш шавқу завқи зиёде дорам» – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, барои омӯзиш дар Марказ шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва касбомӯзон метавонанд бе ягон мушкилӣ аз нозукиҳои ин касб огоҳ шаванд.

«Мо дар ин ҷо бо ҳамроҳии ҳамватанонам омӯзиш мегирем. Муаллима Моҳсафар Мавлонова бо  меҳрубонӣ нозукиҳои ороиши мӯю рӯйро ба мо меомӯзанд. Мо то имрӯз тарзи шустани мӯй, хушк намудан ва оро додани онро омӯхтем. Ман нақша дорам, ки пас аз хатми ин ҷо дар ягон толори ороишӣ кор намуда, ҳунари худро пешкаши занону бонувон гардонам»,  – гуфт Соҳило Бахтиёрӣ.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Марказ имкон медиҳад, ки касбомӯзон тарзи омода намудани ороишоти намуди муосир, ороиши туёна, оро додани рӯй ва дигар намудҳои ороиши нохунро омӯзанд. Дар ин ҷо писарон низ  метавонанд ҳунари сартарошӣ ва намудҳои  муосири  паст намудани мӯй ва инчунин ороиши занонаро аз худ кунанд.

Дар Марказ устодони ботаҷриба ба касбомӯзон нозукиҳои ин ҳунарро меомўзонанд. Пас аз хатми курс касбомўзонро ба таҷрибаомўзӣ фаро гирифта, ҳунари онҳо санҷида мешавад ва баъд аз гузариш барои фаъолияти минбаъдаашон дар ин самт шаҳодатнома супорида мешавад.

13.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36