ҶАЛАСА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

4 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти Марказ, кормандон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ҷаласа баргузор гардид.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар 31- соҳибистиқлолӣ дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдаит миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.

Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар баробари ин, пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Зимни ҷаласа зикр шуд, ки донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ, донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

05.10.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36