Дар ташкилоти ибтидоии «Касб» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз 9 апрели соли 2022 таҳти рақами 4, барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2022 таҳти рақами 24 ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Касб»-и Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Касб» С. Бақозода, сармутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ш. Назаров ва аъзои ҳизб иштирок доштанд.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот аз ҷониби раиси ташкилот С. Бақозода дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид.

Зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Касб» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Ҳамзамон доир ба иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели 2021 таҳти рақами 7, дастовардҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ибрози андеша карда шуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бо пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилот ва ҳамзамон бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавию сиёсӣ бо ҷонибдории ҳамагон С. Бақозода ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии «Касб» интихоб гардид.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис интихоби вакил ба Конференсияи ХХХХ11 ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида аз ташкилоти ибтидоии «Касб» 1 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад.

Бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзои ҳизб вакил барои иштирок дар Конференсия пешбарӣ гардид.

Сармутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ш. Назаров доир ба беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуд.





Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

250-35-44, 250-35-42,
250-35-45