Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”
Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №115 дар заминаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Марказ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1394, “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568 “Дар бораи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия”, фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи дастурамал оид ба амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи калонсолон ва валидатсия” аз 27 ноябри соли 2018, №157, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 “Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Ҷиҳати мусоидат ба омодагии касбии шаҳрвандон, мутобиқ намудани раванди таълими касбӣ ва тайёр кардани кадрҳои коргарии ба талаботи воқеии бозори меҳнат ҷавобгӯ, имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он аз рӯи басти вазифаҳо бо теъдоди 223 нафар кормандон ва мутахассисон, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 170 нафар ва аз ҳисоби маблағҳои махсус 53 нафар кору фаъолият менамоянд.
Аз шумораи умумии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолие, ки бо марказҳои таълимӣ баҳри омӯзиши шаҳрвандон дар ҳамкорӣ қарор доранд, 695 нафар буда, 11 нафарашон аз рӯи басти вазифаҳо доимӣ (дар худи дастгоҳи марказӣ), 684 нафарашон тариқи шартномаҳои муваққатӣ ҳамчун омӯзгори таълимӣ ва устои таълими истеҳсолӣ бо Марказ ва филиалҳои он дар ҳамкорӣ мебошанд.
Дар соли ҷорӣ, бо афзудани талабот ба касбҳои коргарии ба бозори меҳнат ҷавобгӯ зарурати ба Иҷозатнома ворид намудани 10 номгӯи ихтисосҳои нав, аз ҷумла, “Мураббия-парастор”, “Бармен”, “Борбанд-ҷобаҷогузор” “Котиба-реферант” ва “Кандакори дар чўб” пеш омад, яъне ихтисосҳои Марказ аз 46 ба 56 номгӯй расонида шуданд.
Ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбию кадрии соҳа ва дар ин самт соҳибкасб намудани шаҳрвандон, ҳамзамон амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ”, аз оғози соли равон дар дастгоҳи марказӣ бахши ҳунарҳои милливу муосир таъсис дода шуда, вобаста ба самтҳои омӯзиш, Марказ шаҳрвандонро ба омӯзиш фаро гирифтааст.
Тайи солҳои охир дар фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбиятдошта таълими инклюзивӣ роҳандозӣ гардида истодааст, ки ин аз амалӣ гардидани бандҳои Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон” дарак медиҳад.
Соли 2021 бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Иншоот бо сарфи 2 миллиону 775,9 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,10 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.
Бино дорои 9 утоқи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Дӯстӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 3 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбоби рӯзгор бо ҳамаи шароит таъсис дода шуда, дар як вақт то 50 нафарро ба касбомӯзӣ ҷалб менамояд. Маҷлисгоҳи бино дар ошёнаи дуюм ҷойгир шуда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки қаблан кормандони соҳа дар утоқҳои хурд ва номусоид фаъолият менамуданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити созгори корӣ фароҳам омад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва мизу курсӣ пурра таъмин мебошанд.
Синфхонаи “Омўзиши асосҳои кор бо компютер” бо 10 адад компютер, 10 адад мизи корӣ, 10 адад курсӣ, проектор, принтер, тахтаи электронӣ, телевизор, кондитсионер, ҷевон барои нигоҳ доштани асбобу лавозимот, мизу курсӣ барои омўзгор ва дигар воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Синфхонаи “Дўзандагӣ” бо 8 адад мошинаҳои дарздўзӣ, 1 адад мошинаи “Аверлок”, 9 адад миз, 9 адад курсӣ, 1 адад мизи порагарӣ, 1 адад тахтаи синфӣ, 1 адад телевизор, 1 адад кондитсионер, 1 адад ҷевон, 1 адад дарзмол ва тахтаи дарзмолкунӣ, 1 адад оина, 10 ҷуфт либосҳои махсус барои касбомўзон ва дигар лавозимоти омўзишӣ ва асбобу аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Синфхонаи “Челонгарӣ” дорои 5 адад мизи корӣ бо курсиҳояшон, 1 адад телевизор, душ-кабина, дастшўяк, биде, унитаз, перфоратор, болгарка, обгармкунаки барқӣ (термекс), дастгоҳи васлкунии қубурҳои полиэтиленӣ, дастгоҳи сурохкунанда, ҷевони оҳанин барои гузоштани асбобу лавозимотҳои таълимӣ, 10 ҷуфт либосҳои махсус барои касбомўзон ва дигар асбобу аёниятҳои таълимӣ мебошад. Илова ба ин зикр менамоем, ки дар синфхонаи “Челонгарӣ”-и филиал таҷҳизоти аёнии зарурӣ барои омўзиши касби “Таъмири асбобҳои рўзгор” аз қабили як адад телевизор, як адад кондитсионер, як мошинаи ҷомашӯӣ, ду дона дарзмол, як адад компютер, як адад чангкашак ва як адад радио ҷойгир карда шуданд.
Ин ҳама шароит ва таҷҳизот ҷиҳати ба таври муосир ба касбомўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон мебошад, ки бо ифтитоҳи бино дар ихтиёри касбомўзон қарор дода шуданд.
Ҳамчунин бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба истифода дода шуд.
Бинои мазкур бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум 13 синфхонаи таълимӣ ва 11 утоқи кории филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шуғнон ва маҷлисгоҳ барои 25 ҷойи нишаст ҷой дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Шуғнон барои касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои “Асосҳои кор бо компютер”, “Қаннод - ошпаз”, “Ороиши мӯй ва руй”, “Челонгар” бо фарогирии зиёда аз 100 нафар дар як вақт омода мебошад. Инчунин, дар синфхонаи “ҳунарҳои мардумӣ” ба касбомӯзон ҳунарҳои миллӣ ва муосир омӯзонида мешавад. Синфхонаҳои таълими назариявию амалӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар бинои мазкур барои фаъолияти самараноки филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнат, ба филиали мазкур таҷҳизоти муосир: 10 адад компютер, 10 адад миз барои гузоштани компютер, 1 адад проектор, 1 адад экран, ҷевони оҳанин барои нигоҳ доштани асбобу лавозимот, мизу курсӣ барои омӯзгорон ва воситаҳои аёнӣ барои синфхонаи компютерӣ, 1 адад тафдон, 1 адад яхдони дуқабата, обгармкунаки барқӣ (термекс), ҳавокаш, ҷевон барои ошхона, миксер, мизи кории қаннодон, тарозуи электронӣ, 4 адад миз, 10 адад курсӣ, ҷевони оҳанин, либосҳои махсус барои касбомӯзон ва дигар лавозимоти омӯзишӣ ва асбобу аёнияти таълимӣ барои омӯзиши ихтисоси қаннод – ошпаз, инчунин дастгоҳҳо ва либосҳои махсуси корӣ тибқи ихтисосҳои омӯхташаванда дастрас муҳайё карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд ва зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.
Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра иҷро намудани чорабиниҳои Барномаҳои қабулгардидаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба касбомўзӣ ва бозомўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ва ба ин васила омодасозии кадрҳои коргарӣ барои иқтисодиёти кишвар аз тамоми тадбирҳои судманд васеъ истифода хоҳад намуд.