Филиалҳо
Савол ва ҷавобҳои маъмултарин

Бале, ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синашон аз 16 сола боло аст дар курсҳо иштирок намуда метавонанд.

Барои ройгон таҳсил намудан Шумо бояд:
1.    Ба шуъбаи шуғли маҳали худ муроҷиат намоед. Дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботҳои муайян ба Шумо РОҲХАТ медиҳанд. 
2.    Бо РОҲХАТ ба яке аз филлиалҳои маркази мо муроҷиат намуда ба курси ба Шумо мақбул аз қайд мегузаред.
 

Дар ҳолати дарёфт карда натавонистани РОҲХАТ Шумо метавонед ба курсҳо ба шакли ХУДМАБЛАҒГУЗОР аз қайд гузаред. Маблағи таҳсил 160 сомониро ташкил медиҳад.

Агар Шумо касб ё ҳунаре доред, лекин ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоред, пас метавонед ба марказҳои мо барои ШАҲОДАТНОМАКУНОНИИ малакаи касбии худ муроҷиат намуда пас аз тасдиқи малкаҳои худ соҳиби Шаҳодатнома шавед. Маблағи Шаҳодатномакунонӣ 107 сомониро ташкил мекунад.

Муҳлати таҳсил аз рӯйи:
Барнома (ройгон): 2-3 моҳ;
Худмаблағгузор: 1 моҳ;
Шаҳодатномакунонӣ (валидатсия): 36 соат;
 

Стипендия барои нафароне, ки аз рӯйи барнома (ройгон) таҳсил менамоянд барои ҳар моҳи таҳсил 60 сомони пардохт карда мешавад. Масалан, агар мӯҳлати таҳсил дар касби муайяншуда 2 моҳ бошад Шумо 120 агар 3 моҳ 180 сомонӣ мегиред.

Рӯйхати пурраи касбҳоро метавонед бо дар саҳифаи “КАСБУ ҲУНАРҲО” дарёфт намоед.
Ба саҳифа даромада аввал гӯрӯҳи касбҳоро интихоб намуда баъдан аз рӯйхати пайдошуда касби мақбулатонро интихоб намоед. Дар натиҷа маълумоти кӯтоҳ оид ба касби интихобшуда пайдо мегардад.
 

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

(+992) 236 96 02