Филиалҳо
ФМД “МТКТ” дар н. Шуғнон
Касбҳои дар марказ мавҷудбуда
1 | Корманди иҷтимоӣ |
2 | Андовачӣ - рангуборчӣ |
3 | Тоқидӯз |
4 | Коркарди меваю сабзавот |
5 | Челонгари таҷҳизотҳои сантехникӣ |
6 | Боғдорӣ |
7 | Қолинбоф |
8 | Адрасбоф (Атласбоф) |
9 | Пешхизмат |
10 | Сангтарош |
11 | Нонпаз |
12 | Барқчӣ |
13 | Ороишгари мӯй |
14 | Омӯзиши "Забони англисӣ" |
15 | Гулдӯз |
16 | Ошпаз |
17 | Дуредгар |
18 | Коркарди чӯб |
19 | Оҳангар |
20 | Асосҳои омӯзиши компютер |
21 | Кафшергари барқӣ |
22 | Муҳрабоф |
23 | Дӯзанда |
24 | Челонгари таъмири автомобил |
25 | Омӯзиши "Забони русӣ" |
26 | Сохтмончӣ |
27 | Бофанда |
Тамос
Вилояти Бадахшон, н. Шуғнон, ш. Ваҳдат, қишлоқи Миденшор, ҷамоати Поршнев
shugnon@kasb.tj
+992 99-999-99-99
Савол ва ҷавобҳои маъмултарин
Бале, ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 16 сола боло аст, дар курсҳо иштирок намуда метавонанд.
Барои ройгон таҳсил намудан Шумо бояд:
1. Ба шуъбаи шуғли маҳалли худ муроҷиат намоед. Дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботи муайян ба Шумо РОҲХАТ дода мешавад.
2. Бо РОҲХАТ ба яке аз филиалҳои марказ муроҷиат намуда, ба курси бароятон мақбул аз қайд мегузаред.
Дар ҳолати дарёфт карда натавонистани РОҲХАТ Шумо метавонед ба курсҳо бо тариқи ХУДМАБЛАҒГУЗОР аз қайд гузаред. Маблағи таҳсил 185 сомониро ташкил медиҳад.
Агар Шумо касб ё ҳунаре доред, лекин ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоред, пас метавонед ба маркази мо барои ШАҲОДАТНОМАКУНОНИИ малакаи касбии худ муроҷиат намоед ва пас аз тасдиқи малакаи худ соҳиби Шаҳодатнома гардед. Маблағи Шаҳодатномакунонӣ 135 сомониро ташкил медиҳад.
Муҳлати таҳсил аз рӯйи:
Барнома (ройгон): 2-3 моҳ;
Худмаблағгузор: 1 моҳ;
Шаҳодатномакунонӣ (валидатсия): 36 соат;
Стипендия барои нафароне, ки аз рӯйи барнома (ройгон) таҳсил менамоянд, барои ҳар моҳи таҳсил 60 сомонӣ пардохт карда мешавад. Масалан, агар муҳлати таҳсил дар касби муайяншуда 2 моҳ бошад 120 сомонӣ ва агар 3 моҳ бошад 180 сомонӣ мегиред.
Рӯйхати пурраи касбҳоро метавонед дар саҳифаи “КАСБУ ҲУНАРҲО” дарёфт намоед.
Ба саҳифа даромада, аввал гӯрӯҳи касбҳоро интихоб намоед ва баъдан аз рӯйхати пайдошуда, касби мақбулатонро интихоб кунед. Дар натиҷа маълумоти кӯтоҳ оид ба касби интихобшуда пайдо мегардад.