КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва ҳокимони дигар бо мақсади бойшавии шахсӣ ва ғаразҳои дигар амалӣ мегардад. Аммо чунин фаҳми коррупсия муносибати сатҳи буда, асли масъаларо фаҳмонида наметавонад ва дар бисёр ҳолатҳо барои дарки амиқи он иштибоҳҳои мухталиф ба миён меорад.
Бидуни шубҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба болоравии шиддати коррупсия дар кишвар иттилоъ дошта, борҳо таъкид намудааст, ки раванди демократикунонии ҷомеа дар рў ба рўи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷидди мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омўхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».
Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин проблема ҳамеша диққати хоса зоҳир намудааст. Шуруъ аз соли 1999 тадбирҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шудаанд. Солҳои охир дар мамлакат заминаи қонунӣ ва сохтории мубориза бар зидди коррупсия таҳия ва такмил меёбанд.
Асноду ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки ба масоили пешгирии коррупсия, барои амалиёти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва чораҳои мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қабул гардидаанд, заминаи мустаҳками муборизаро алайҳи он фароҳам овардааст.
Мафҳуми коррупсия хеле васеъ ва доманадор буда, паҳлуҳои гуногунро дар бар мегирад. Коррупсия набояд танҳо дар доираи донишҳои ҳуққуқӣ таҳлилу хулосагирӣ гардад, зеро он фақат ҳодисаи ҷиноӣ набуда, ҳамчун раванди иртиҷоии иҷтимоӣ заминаҳо ва хусусиятҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳоро бо ҳам пайвастааст. Бинобар ин, ҳангоми тавсиф ва таъриф додани падидаи мазкур ва ташхиси хусусиятҳои асосии он мебояд тамоми паҳлуҳо ва муносибати мутақобилаи он бо ҳодисаю равандҳои дигари ҷомеа фарогир бошанд.
Падидаи мазкур натанҳо ришвахурӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон, протексионизм (ошнобозӣ) ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табаҷавию қавмӣ ё ҷонфидоии шахсӣ, иштироки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ба манфиати шахсӣ, иттиҳодияҳои дигар ва ғайраҳоро ифода менамояд.
Дар шароити ҳозира қариб мамлакатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ бошад. Коррупсия ба раванди сиёсии ватаниву минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хусусияти иртиҷоӣ ва ифротӣ мебахшад. Бо назардошти ҳамин, 9 декабр дар олам ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия муқаррар гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зидди коррупсияро имзо ва қабул кардааст.
Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дунё нишон медиҳад, ки ташаккул ва рушди синфи миёна, ё худ умумияти аксарияти аҳолӣ нишондоди муҳимтарини баланд гардидани сатҳ ва сифати зиндагии одамон аст. Бо дарназардошти ин, дар мамлакати мо Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардидааст, ки амалӣ намудани он заминаи боэътимоде дар рафъи коррупсия хоҳад буд.
Муваффақ гардидан дар мубориза бар зидди коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат гардида, аҳли ҷомеаро саодатманд мегардонад. Аз ин рў, аз мардуми саодатманди кишвар, ба хусус ҷавонони баору хушиқболи Ватан даъват ба амал меорем, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Зеро бетарафӣ – бешарафист!