Забони давлатӣ - ҳастии миллат
Забон барои ҳар як миллат яке аз муқаддастарин арзишҳо ба ҳисоб меравад. Миллат бо забонаш шинохта мешавад ва забон таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии моро нигоҳ медорад. Барои мо — тоҷикон, забони тоҷикӣ нишонаи ҳастӣ ва соҳибистиқлолии миллатамон мебошад.
Ҳамасола 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст, зеро забони давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ таърихи хеле қадима дорад. Бо ҳамин забон шоирону донишмандони бузурги тоҷик асарҳои арзишманди худро офаридаанд. Номи бузургоне чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон бо забони тоҷикӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Осори гаронбаҳои онҳо то имрӯз барои мо ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва фарҳангӣ хизмат мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ медонанд. Чунонки таъкид намудаанд: «Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муҳимтарин воситаи ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошад». Ин суханон ҳар яки моро водор месозанд, ки ба забони модарии худ эҳтироми бештар дошта бошем ва барои ҳифзу рушди он саҳм гузорем.
Ба андешаи ман, дӯст доштани забон танҳо бо сухан гуфтан нест. Мо бояд кӯшиш кунем, ки забони худро дуруст истифода барем, меъёрҳои забони адабиро риоя намоем, калимаҳои ноби тоҷикиро бештар ба кор барем ва одоби гуфторро нигоҳ дорем. Хусусан, мо — ҷавонон, бояд барои пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва рушди минбаъдаи он саҳми худро гузорем.
Имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешавад. Дар муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо корҳои зиёде барои рушди забони давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳаёти давлати соҳибистиқлоли мо мақоми муҳим дорад.
Ман фикр мекунам, ки ҳар як шахс бояд забони модарии худро дӯст дорад ва ба он эҳтиром гузорад. Агар мо забонамонро эҳтиром кунем, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро низ эҳтиром кардаем. Забон моро бо гузаштаамон мепайвандад, имрӯзро баён мекунад ва барои ояндаамон замина мегузорад.
Рӯзи забони давлатӣ барои ман пеш аз ҳама рӯзи эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг ва миллат аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзиши забон бештар таваҷҷуҳ намоем ва дар ҳифзу рушди он саҳми худро гузорем.
Дар баробари эҳтиром ва омӯзиши забони модарӣ, мо — ҷавонон, бояд дониш ва касбу ҳунар низ омӯзем, зеро ояндаи миллат дар дасти насли босаводу соҳибкасб аст. Ҷавоне, ки ҳам забони модарии худро хуб медонад ва ҳам соҳиби дониш, касбу ҳунар мебошад, метавонад барои пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани худ саҳми арзанда гузорад.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша пойдор бошад, рушд кунад ва барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ боқӣ монад. Мо бояд забони модарии худро дӯст дорем, онро ҳифз намоем ва бо истифодаи дурусти он ба қадри таъриху фарҳанги миллати худ бирасем.
Забон ҳастии миллат аст ва ҳифзи он вазифаи ҳар яки мост.
Назриева Фатона
мудири шуъбаи таъмини методӣ-иттилоотӣ
МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”