ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАРВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Slide Image

5 сентябри соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, доктори илмҳои физикаю математика, собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода, доктори илмҳои фалсафа профессор Насиба Сиддиқӣ ва мудиришуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Каримзода Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардумиТоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати истиқлолва сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат заминаҳои устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам оварда шудаанд.

 Гуфта шуд, ки тайисолҳои соҳибистиқлолӣ дар самтҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расида, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил ёфта, барои рушди бозори меҳнат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзии шаҳрвандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мамлакат тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд. 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ аҳли нишастро бамуносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба сардори раёсати молия, таҳлил ва дурнамои вазорат Давлатзода Наимҷон Давлат медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров сазовор гардидаанд, бинобар дар табобат қарор доштанашон, ба писари эшон тақдим намуданд.

 Ҳамзамон, меҳмонони чорабинӣ доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими давлатдорӣ,таъмини пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳозирин ҷиҳати ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушдимин баъдаи кишвар даъват ба амал оварданд. 

Зикр гардид, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати созанда ва ташаббусҳои байналмилалии худ мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшида, ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳу субот, ҷойгоҳи арзанда пайдо намуд. 

Дар фарҷоми чорабинӣ дар остонаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолият як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат барои хизматҳои арзанда, саҳминазаррас дар рушди соҳа ва фаъолияти босамар бо мукофотҳои соҳавӣ сарфарозгардонида шуданд.

09.09.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36