ПАЁМ-РОҲНАМОИ РУШДИ КАСБОМӮЗӢ ВА БЕҲБУДИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Slide Image
ПАЁМ-РОҲНАМОИ РУШДИ КАСБОМӮЗӢ ВА БЕҲБУДИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

         Масъалаи шуғли аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии замони муоссир  ба ҳисоб рафта, шуғли пурра ва самаранок барои рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ дорад. Таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори доимї  сатҳи некӯаҳволии ҷомеаро баланд мебардорад. Роҳи асосии ҳалли мушкилоти шуғл касбомӯзӣ ба њисоб рафта, таѓйироти шароити пешрафти илму техника ва бозори меҳнат пайдоиши талабот ба касбҳои навро таќозо менамояд. Ба осонї пайдо намудани љойи кор аз тарафи љавонон ва пайдо намудани мавќеи худ дар љомеа дар асоси омӯзиши касбҳои муосир, аз қабили технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва ҳунарҳои истеҳсолӣ амалї мегардад. Асосии омўзиши касбњои муоссир марказҳои касбомӯзӣ буда, ҷавонон дар марказњои номбурда донишу малакаҳои амалиро андўхта, барои пеш бурдани зиндагии мустақилонаи худ  замина мегузоранд.

         Таъсиси ҷойҳои нави кор омили муҳимми беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ба њисоб рафта, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ шумораи зиёди ҷойҳои кориро муҳайё месозад. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум натиҷаи бевоситаи шуғли устувор ва даромади доимӣ мебошад. Маоши муносиби  шаҳрвандон имконияти баланд бардоштани сатњи шароити зист, таҳсил ва саломатии мардум фароњам меоварад. Ба ин тартиб, коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ амалї мегардад.

         Масъалаи шуғл, касбомӯзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корї омили асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин соҳаҳо, метавон сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, ояндаи дурахшони кишварро таъмин намуд, ки њамасола дар Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рамон ба тамоми ќишрњои љомеа ироа мегардад.

         Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рамон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маљлиси Олї пешнињод гардид, њуљљати муњимми роњнамо буда, тамоми самтњои афзалиятноки њаёти иљтимои, иќтисодї ва сиёсиро дар бар мегирад.

         Дар Паём оид ба масъалаи шуѓл, касбомўзї, таъсиси љойњои нави кор ва баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум таваљљуњи хоса зоњир гардид. Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки дар панљ соли оянда дар кишвар бояд зиёда аз 1 милиону 400 њазор љойи нави кор таъсис дода шуда, ин нишондињанда омўзиши касбу њунарњои амалиро ба роњ монда, яке аз  самтњои асосии пешбурди сиёсати давлат мањсуб меёбанд.

         Президенти Љумњурии Тољикистон махсусан таъкид намуданд: “Имрўз њар як шахс бояд њунар дошта бошад, зеро шахси соњибњунар дар зиндагї роњашро меёбад ва ба љомеа низ манфиат меорад”.

         Муассисаи давлатии “Маркази рушди њунармандї ва малакањои касбии муосир” ва филиалњои он њамасола Паёмро сармашќи фаъолияти худ ќарор дода, дар асоси дастуру њидоятњои он омўзиши касбиро ба роњ мемонад. Тањо дар соли 2025 дар курсњои касбомўзии Марказ ва филиалњои он зиёда аз 36 њазор нафар шањрвандон – љавонон, занону бонувон, шахсони бекор, муњољирони ба Ватан баргашта ва шањрвандони имконияташон мањдуд (маъюбони гурўњњои 2 ва 3) ба касбомўзї фаро гирифта шуданд.      

         Марказ ва филиалњои он бо назардошти талаботи бозори мењнати дохилию хориљї, курсњои кўтоњмуддати касбомўзї, омўзиши њунарњои миллї ва забономўзиро ба роњ мондааст. Њамзамон, љињати фарогирии бештари ањолї дар минтаќањои дурдаст корњои тарѓиботї ва фањмондадињї мунтазам анљом дода мешаванд.

         Бо њидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба саросар соњибкасб намудани ањолї ва бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон, дар солњои охир дар шањру ноњияњои дурдаст филиалњои нави Марказ таъсис дода шуданд. Ин иќдом имконият фароњам овард, ки ањолї дар мањалли зисти худ бе мушкилї, ба омўзиши касбу њунар фаро гирифта шаванд. Дар натиља, шумораи умумии филиалњои Марказ ба 51 адад расид.

         Паёми Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, баёнгари ѓамхорї нисбат ба њар як табаќаи ањолии кишвар аст. Таваљљуњи хоса ба масъалањои касбомўзї, њунаромўзї, ташкили љойњои нави корї ва баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум, бори дигар собит менамояд, ки сиёсати иљтимоии давлат ба ниёзњои воќеии шањрвандон равона шудааст.

         Муассисаи давлатии “Маркази рушди њунармандї ва малакањои касбии муосир”, њамчун яке аз сохторњои татбиќкунандаи сиёсати давлатї, ўњдадор аст, ки дар асоси Паём барномањои таълимї ва амалиро тањия намуда, бо фарогирии њар чї бештари шањрвандон ба омўзиши касбу њунарњои амалї, сањми худро дар рушди љомеаи соњибмаърифат ва соњибкасб гузорад.

         Њар як шањрванд, бахусус љавонон ва занону бонувон, бояд аз имкониятњои фароњамовардашуда самаранок истифода намуда, бо дастгирии давлат ва њидояти Пешвои муаззами миллат, барои фардои дурахшони худ ва Тољикистони азиз сањмгузор бошанд.

         Ин иќдом ба вусъати шуѓли пурсамар, рушди иќтидори мењнатї ва коњиши муњољирати иќтисодї мусоидат мекунад.

29.12.2025

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36